“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе

Дар пайи сӯхторе, ки шаби гузашта, 8-уми апрел дар маркази Душанбе рух дод, талафоти ҷонӣ сабт нашудааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода (КҲФ) хабар дода, навиштааст, ки ин ҳодиса дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Хусейнзода, бинои 18 ба вуқӯъ омадааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, сӯхтор тахминан соати 19:30 дар ошёнаи 8-уми бинои кӯчаи Ҳусейнзода (атрофи […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар пайи сӯхторе, ки шаби гузашта, 8-уми апрел дар маркази Душанбе рух дод, талафоти ҷонӣ сабт нашудааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода (КҲФ) хабар дода, навиштааст, ки ин ҳодиса дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Хусейнзода, бинои 18 ба вуқӯъ омадааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, сӯхтор тахминан соати 19:30 дар ошёнаи 8-уми бинои кӯчаи Ҳусейнзода (атрофи Хонаи матбуот ё “Дом печат”) сар зада, ба ошёнаи 9-ум ҳам гузаштааст.

“Наҷотдиҳандагон 6 сокини ошёнаҳои оташгирифтаро, ки миёни онҳо як кӯдаки 3-моҳа ва 4 зан будааст, наҷот додаанд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”, -омадааст дар хабарномаи КҲФ.

Мақомот мегӯянд, оташ хомӯш карда шуд, вале нагуфтанд, ки чанд вақт баъд аз оғози оташгирӣ.

Ҳол сабаби сар задани сӯхтор ва хисороти он муайян карда мешавад.

КҲФ бори дигар аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хостааст, ки қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро риоя кунанд.

Соли 2024 дар саросари кишвар, ба иттилои ВКД, 1 ҳазору 175 (2023 – 1 ҳазору 269)  ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа  17 (2022 – 23) шаҳрванд фавтидаанд, ки аз инҳо 11 (2023 – 11) нафарашон ноболиғ мебошанд.

Хисороти сӯхтор дар соли 2024 дар тамоми ҷумҳурӣ 43 миллиону 822 ҳазор ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио