Бохти наврасони тоҷик аз Куриёи Шимолӣ дар Ҷоми Осиё

Тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2025 (U-17) аз мунтахаби Куриёи Шимолӣ шикаст хӯрд. Ин рақобат шоми дирӯз, 8-уми апрел дар варзишгоҳи “Шоҳзода Абдуллоҳ Спортс Сити Холл” шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардида, бо натиҷаи 3:0 ба нафъи куриёиҳо хотима ёфт. Наврасони Куриёи Шимолӣ ҳарсе голро дар нимаи дувуми […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2025 (U-17) аз мунтахаби Куриёи Шимолӣ шикаст хӯрд.

Ин рақобат шоми дирӯз, 8-уми апрел дар варзишгоҳи “Шоҳзода Абдуллоҳ Спортс Сити Холл” шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардида, бо натиҷаи 3:0 ба нафъи куриёиҳо хотима ёфт.

Наврасони Куриёи Шимолӣ ҳарсе голро дар нимаи дувуми дидор ба самар расонданд. Ду голро Пак Кванг – Сонг дар дақиқаҳои 50-ум ва 58-ум ва голи сеюмро Ри Канг – Рим дар дақиқаи 82-юм ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид кард.

Бозии дигари ин гурӯҳ миёни тимҳои милли наврасони Эрон ва Уммон бо ҳисоби 2:3 ба фоидаи уммониҳо ба анҷом расид.

Дар ҳоли ҳозир наврасони тоҷик дар ҷадвали гурӯҳи "D" дар ҷои дуюм қарор доранд. Куриёи Шимолӣ баъд ғалабаи имрӯза соҳиби 4 имтиёз шуда, дар садри ҷадвали гурӯҳ мавқеъ гирифт.

Бо ин тартиб ҳар чаҳор даста, аз ҷумла тими миллии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам имкони баромадан аз гурӯҳ ва роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон миёни наврасонро доранд. Вале барои Тоҷикистон лозим аст, ки дар бозии охирини марҳилаи гурӯҳӣ, ки муқобили мунтахаби Эрон рӯзи 11-уми апрел баргузор мешавад, пирӯз гардад. 

Қаблан, тими милии наврасони тоҷик дар гурӯҳи худ дастаи Уммонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио