“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Рӯзи 14-уми апрел дар Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту 2025” оғоз мегардад. Он як ҳафта, то 21-уми апрел давом карда, 18 театри касбӣ беҳтарин намоишномаҳое, ки давоми соли 2023-2024 рӯйи саҳна оварданд, манзури тамошобинон мекунанд.

“Азия-Плюс” аз Вазорати фарҳанг нақшаи баргузории намоишномаҳоро дастрас кард.

Тибқи он, рӯзи 14-уми апрел дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи чорабинӣ доир шуда, соати 18:00 ҳунармандони театри мазкур намоишномаи “Куруши Кабир”-ро дар таҳияи Айяна Оскенбаева ба саҳна мегузоранд.

Дар ҳошияи ҷашнвора ҳамчунин, баргузории мизҳои мудаввар бо ширкати алоқамандони театр дар назар аст. Аз ҷумла, рӯзи 20-уми апрел, соати 14:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов дарсҳои маҳорат барои коргардонҳо ва ҳунарпешагони театрҳо бо иштироки коршиносони хориҷӣ баргузор хоҳад шуд.

Дар бораи он ки кадом намоиши саҳнавӣ кай, дар куҷо ва аз ҷониби кадом театр ба намоиш гузошта мешавад, дар тасвирҳои зерин шинос шавед:

Ҳамчунин, 21-уми апрел, рӯзи ҷамъбастии озмун, соати 13:00 мунаққидон ва театршиносон асарҳои ба фестивал-озмун пешниҳодшударо дар нишасте бо номи “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” мубодила мекунанд.

Дар идомаи рӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту–2025” доир мешавад.

Бояд гуфт, давоми як ҳафта ҳамарӯза дар саҳнаҳои театрҳои пойтахт ду-се намоишнома ба саҳна гузошта мешавад. Дохилшавӣ ба тамоми намоишҳо ройгон аст.

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту” дар ду сол як маротиба доир мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...