“Парасту-2025”. Дар Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ баргузор мешавад

Аз 14 то 21-уми апрел дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту-2025” баргузор мегардад. Дар ин бора Вазорати фарҳанги кишвар иттилоъ дода навиштааст, ки маросими кушодашавии Фестивал рӯзи 14-уми апрел, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз шуда, як ҳафта давом мекунад. Мақсади баргузории ин фестивал-озмун […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Аз 14 то 21-уми апрел дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту-2025” баргузор мегардад.

Дар ин бора Вазорати фарҳанги кишвар иттилоъ дода навиштааст, ки маросими кушодашавии Фестивал рӯзи 14-уми апрел, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз шуда, як ҳафта давом мекунад.

Мақсади баргузории ин фестивал-озмун рушди драматургия ва санъати театри миллӣ, эҷод ва пешниҳоди асарҳои баландғояи ватанӣ, такмили маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон ва бастакорон гуфта мешавад.

Манбаъ мегӯяд, тамоми театри касбии ҷумҳурӣ ҳуқуқи иштирок дар фестивалро оранд ва бояд беҳтарин намоишномаҳоеро, ки тӯли солҳои 2023-2024 рӯйи саҳна овардаанд, намоиш диҳанд.

“Интихоби мавзуъ озод аст, аммо афзалият ба асарҳое дода мешавад, ки дастовардҳои замони истиқлол, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, муқовимат бо фасод, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосирро тараннум мекунанд”,-гуфта мешавад дар низомномаи фестивал-озмун.

Мувофиқи низомнома, шумораи иштироккунандагон аз ҳар як театр набояд аз 15 нафар зиёд бошад.

Рӯзи 21-уми апрел, соати 17:30 дар театри мазкур чорабинии ҷамъбастии фестивал-озмун доир мегардад. Дар он беҳтарин намоишномаҳо ва ҳунармандон қадрдонӣ мешаванд.

Фестивал-озмунро коршиносони соҳаи театр аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баҳогузорӣ менамоянд.

Бояд гуфт, баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту” ба ҳукми анъана табдил ёфта, дар ду сол як маротиба бо иштироки театрҳои касбии кишвар доир мегардад.

Навбати охир фестивали “Парасту” соли 2023 доир гардид. Дар хусуси он ки кадом намоишномаҳо ва ҳунармандон дар он мавсим беҳтарин дониста шуданд, дар маводи "Анҷоми “Парасту-2023” ва оғози баҳс атрофи ҷоизаҳо" мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.