Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?

Ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam-2025” ё “Тоскулоҳи бузург-2025” муайян шуданд. Онҳо тариқи қуваозмоии интихобӣ рӯзи 7-уми апрел интихоб шуданд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст. Ба навиштаи манбаъ, ҷудокорони тоҷик дар 7 вазн байни ҳам барои ба даст овардани роҳхат ба ин мусобиқот вориди рақобат гардидаанд. Дар […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam-2025” ё “Тоскулоҳи бузург-2025” муайян шуданд. Онҳо тариқи қуваозмоии интихобӣ рӯзи 7-уми апрел интихоб шуданд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.

Ба навиштаи манбаъ, ҷудокорони тоҷик дар 7 вазн байни ҳам барои ба даст овардани роҳхат ба ин мусобиқот вориди рақобат гардидаанд.

Дар натиҷа, 36 ҷудокори тоҷик, аз ҷумла 28 мард ва 8 зан ба мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam-2025” роҳхат гирифтаанд:

Дар вазни то 60 кг:

Ҳақдод Гулов, Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Лоиқ Қутбиддинов.

Дар вазни то 66 кг:

– Эмомалии Нуралӣ, Обид Ҷебов, Ёсин Бобокалонов, Шаҳбоз Саидабуроров.

Дар вазни то 73 кг:

– Абубакр Шеров, Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳиддин Ассадулоев, Маҳмадшариф Наҷмиддинов.

Дар вазни  то 81 кг:

– Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммад Юсуфзода, Ғанӣ Ғанизода, Сайфиддин Сайфидинзода.

Дар вазни то 90 кг:

– Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Шодмон Ризоев, Музамммир Каримзод.

Дар вазни то 100 кг:

– Ҷаҳонгир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Малаев, Кароматулло Ҳакимов;

Дар вазни аз 100 кг боло:

– Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Раҳматулло Мирзоев.

Занон:

Аҳлия Муминова, Райҳона Розиқзода дар вазни то 48 кг;

Мадина Қурбонзода, Зуҳал Ҷумаева, Насиба Карликова дар вазни то 52 кг;

Александра Кан, Раҳмия Ҳанҷарбекова дар вазни то 57 кг;

Виктория Киселёва дар вазни то 67 кг.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2025” рӯзҳои 2-4 май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург" дар Душанбе дар соли 2024 ҳайати Тоҷикистон аз 37 ҷудокор – 28 мард ва 9 зан иборат буд. Дар мусобиқа ҳамагӣ 390 ҷудокор аз 65 кишвар ширкат варзиданд.

Дар ҳисоби умумидаставӣ мунтахаби ҷудокорони Тоҷикистон бо касби 7 медал – 1 тилло, 3 – нуқра ва 3 – биринҷӣ зинаи 4-умро касб кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.