ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 10 АПРЕЛ
Соли 1919 – Дар Самарқанд шумораи аввалини маҷаллаи тоҷикии “Шуълаи инқилоб” нашр шуд.
Соли 1930 – Дар Душанбе пахши мунтазами барномаҳои радиоӣ оғоз ёфт.
Ҳамасола дар Тоҷикистон 10 апрел ҳамчун Рӯзи радио ҷашн гирифта мешавад ва ин рӯз ба оғози расмии пахши барномаҳои радиоӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст.
Радио дар он замон ягона василаи муҳими иттилоотрасонӣ, тарғибу ташвиқ, омӯзиш ва фароғати мардум ба ҳисоб мерафт.
Соли 1993 – Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ҳамасола, 10-уми апрел дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи таъсиси Қӯшунҳои дохилии ВКД таҷлил мешавад.
Соли 2020 – Мақомоти Тоҷикистон барои вуруд ва хуруҷи ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба қаламрави ҷумҳурӣ маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ намуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1938 – Зодрӯзи Карим Қосимов, сароянда, оҳангсоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.
Соли 1938 – Мавлуди Марворид Қосимова, ҳунарпешаи тоҷик, коргардони филм, филмноманавис.
Марворид Қосимова соли 1962 Институти давлатии умумиитифоқи кинематографияи шаҳри Маскавро ба итмом расонда, қариб 30 сол дар “Тоҷикфилм” ба сифати коргардон кор кардааст. Ӯ дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кишварро тарк кард ва 30 соли охир дар Беларус зиндагӣ мекард. Вай дар шаҳри Минск ҳам ба фаъолияти эҷодии хеш идома дода, корманди “Белорусфилм” буд ва дар ин кишвар низ қариб 10 филми бадеиву ҳуҷҷатӣ сабт кардааст.
Дар “Тоҷикфилм” ҳам маҳсули кораш зиёд аст. Филмҳои бадеиаш – “Тобистони соли 43-юм”, “Ҷӯра-Саркор”, “Роҳҳо гуногун мешаванд”, “Чор нафар аз Чорсанг” (2 қисм), “Бофандадухтар”, “Буд-набуд, дар синфи якум буд”, “Марди мутааллиқи ду зан”, “Ишқ баъди сад сол” дар синамои тоҷик ҷои хос доранд.
Ӯ 4 июни соли 2024 дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1939 – Зодрӯзи Бозгул Додхудоева, омӯзгор ва сиёсатмадори тоҷик, собиқ вазири маориф ва муовини сарвазири Тоҷикистон.
Бозгул Додхудоева баъди хатми мактаби миёна омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро ба итмом мерасонад. Сипас факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанберо хатм мекунад. Аввал муаллим, баъдан ҷонишини директор ва панҷ соли дигар директори мактаби рақами 38-и шаҳри Душанбе шуда, кор кардааст.
Мудири маорифи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, ҷонишини раиси ҳукумати ҳамин ноҳия, мудири маорифи шаҳри Душанбе ва аз соли 1976 то соли 1988 12 сол муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ шуда кор кард.
Аз соли 1988 то 1992 боз ба ҳайси мудири маорифи шаҳр фаъолият кардааст. Аз соли 1992 то соли 1994 вазири маориф, аз соли 1994 то 2000-ум муовини сарвазири ҳукумати ҷумҳурӣ будааст.
Аз ҷумлаи бонувони фаъол дар талоши сулҳ буд ва ягона зани узви Комиссияи оштии Миллӣ дар барқарории сулҳу субот дар кишвар саҳми арзанда гузоштааст.
Соли 1950 – Мавлуди Муҳтарам Ҳотам, шоир ва нависандаи тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон.
Муҳтарам Ҳотам яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёт ва фарҳанги муосири тоҷик аст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе буда, дар нашриёти “Ирфон” ва “Адиб” ба ҳайси муҳаррир ва мудири шуъба фаъолият карда, минбаъд дар вазифаҳои роҳбарӣ дар соҳаи матбуот, аз ҷумла сардабири ҳафтавори “Роҳи умед”, муовини сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” ва корманди фаъоли нашрияҳои ҷумҳуриявӣ буд. Солҳои 1983-1985 дар ҷанги Афғонистон ба ҳайси тарҷумон хидмат кардааст.
Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои шеъру публитсистика ва як қатор таҳқиқот аст. Аз ҷумла китобҳои “Камароб”, “Дилафшон”, “Сапеда”, “Як қалам сарнавишт – як қадам саргузашт”, “Чашморӯ”-ро таълиф кардааст.
Ҳамзамон, Муҳтарам Ҳотам дар таҳқиқи масъалаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ низ саҳми арзанда гузоштааст. Китобҳои ӯ чун “Ориётоҷикон: 18000 сол пеш…”, “Канобад ва Райбат дар “Шоҳнома”, ва “Фасли пайванди вижаҳо” намунаҳои барҷастаи тадқиқоти илмии миллӣ ба шумор мераванд.
Соли 1956- Зодрӯзи Мираҳмади Амиршоҳ, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.
Соли 1969 – Зодрӯзи Зикруллоҳ Ҳакимов, овозхон тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Зикриоллоҳ Ҳакимов хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода буда, фаъолияташро дар ансамбли халқии “Субҳи Данғара” ба сифати роҳбари бадеӣ оғоз намудааст. Баъдан ба Душанбе омада, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио кор кардааст.
“Ватан”, “Ватандорӣ”, “Ҷигарам хун шудаву дар талаби дармон аст”, “Бозичаи қудрати Худоем ҳама”, “Чашм ба роҳат”, “Дардест дар ин дил”, “Аҳдат нашканӣ”, “Видоъ”, “Ёрам лаби бом” аз беҳтарин таронаҳояш ҳастанд.
Соли 1983 – Тӯрақул Зеҳнӣ, адабиётшинос, забоншинос, маорифпарвар ва шоири тоҷик дар 91-солагӣ аз олам чашм баст.
Соли 1994 – Миратулло Атоев, оҳангсози маъруфи тоҷик дар синни 55-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 2007 – Талабхӯҷа Сатторов, оҳангсози тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва раиси нахустини Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар синни 54-солагӣ аз олам даргузашт.
Талабхӯҷа Сатторов, бастакори машҳури тоҷик хатмкардаи Консерваторияи давлатии Маскав ба номи П. И. Чайковский буда, фаъолияти эҷодияшро аз муҳарририи шӯъбаи мусиқии Вазорати фарҳанг оғоз кардааст. Дар вазифаҳои муҳими илмӣ ва маъмурӣ, аз ҷумла ҳамчун декан, ректор ва раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2003 то поёни умр ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон буд.
Сатторов дар жанрҳои мухталифи мусиқӣ – симфонӣ, кантата, баллада, сурудҳои ватандӯстона ва саҳнавӣ асарҳои мондагор офаридааст. Операи “Рустам ва Суҳроб”, кантатаҳои “Арсаи ваҳдат”, “Ҷаҳони тоҷикон” ва сурудҳои “Таронаи Ватан”, “Ҷавонӣ” ва “Мо олами меҳрем” аз асарҳои намоёни ӯянд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 10 апрел Рӯзи байналмилалии ҳаракати муқовимат таҷлил мешавад ва ба хотири ҳамаи онҳое бахшида шудааст, ки дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон (1939–1945) дар қаламравҳои зери ишғоли Рейхи Сеюм бар зидди фашистон муқовимат карданд.
10 апрел дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон Рӯзи хоҳару бародарон таҷлил мегардад. Ин рӯз ҳадаф дорад анъанаи нек ва пуршарафи эҳтиром ба робитаҳои хешутабориро идома дода, муносибатҳои наздики байни хоҳару бародаронро таҳким бахшад.
Ташаббускори ин ид Клаудия Эварт буд. Вай дар синни ҷавонӣ бародару хоҳарашро аз даст дод. Ба хотири онҳо, Клаудия тасмим гирифт, ки ин идро роҳандозӣ кунад ва барои баргузории он санаи 10 апрел – рӯзи таваллуди хоҳарашро интихоб кард.
10 апрел соли 1710 дар Британияи Кабир “Ойинномаи малика Анна” – аввалин қонуни расмӣ дар бораи ҳуқуқи муаллиф ба иҷро даромад. Тибқи ин санад, муаллиф ҳақ дошт, ҳуқуқи истифодаи дастнависи худро барои муҳлати 14 сол ба фурӯш гузорад. Пас аз анҷоми ин муҳлат, ин ҳуқуқ ба муаллиф бармегашт ва ӯ метавонист онро боз барои ҳамин муҳлат дубора фурӯшад.
Ин қонун ба рушди босуръати нашри китоб мусоидат кард. Аммо таъсири муҳимтарини он ба матбуоти даврӣ буд. Қонун як қатор меъёрҳои асосии ҳимояи ҳуқуқи истисноии муаллифро муқаррар намуд, ки баъдан ба қонунгузории дигар кишварҳои буржуазӣ низ роҳ ёфтанд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 10 АПРЕЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 11+16º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 17+22º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард, рӯзона 5+10º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 21+23º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм), эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 13+15º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 14+16º гарм.


