Фонди хайриявии “Музаффар” намоишгоҳи гулу растанӣ – “НЕКӢ БИКОР” баргузор мекунад

Варақаи иттилоотӣ

Намоишгоҳи хайриявии гулу растанӣ “НЕКӢ БИКОР”, ки аз ҷониби Фонди хайриявии "Музаффар" бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, гулпарварон ва мутахассисони соҳаро дар як майдон бо имконияти фурӯши маҳсулоти худ ва табодули таҷриба муттаҳид менамояд.

Намоишгоҳи мазкур 19-20 апрел, аз соати 10:00 то 17:00 дар Боғи ботаникии “Ирам” баргузор мешавад.

Дар Намоишгоҳ иштироки шумораи зиёди мутахассисон оид ба гулу растанӣ, соҳибкорони соҳа ва дӯстдорони ин намуди маҳсулот дар назар аст. Аз ҷониби гулпарварон ва флористҳои касбӣ  дарсҳои маҳоратӣ (мастер-классҳо) гузаронида шуда, иштирокдорон метавонанд оиди парвариш ва нигоҳубини гулу растанӣ, пору ва ғизо барои растанӣ тавсияҳои муфидро дастрас намуда, гулу гулдон ва лавозимоти дилхосташонро харидорӣ намоянд.

 

Инчунин яке аз ҳадафҳои Намоишгоҳ барпо намудани замина барои мубодилаи таҷриба байни коршиносон ва тиҷорати муштараки онҳо дар самтҳои номбаршуда мебошад. Имсол ҳам дар Намоишгоҳ ҳунармандон ва рассомон бо маҳсулоти худ иштирок мекунанд.

Дар баробари ин, ташкилкунандагон мақсад доранд, ки таваҷҷӯҳи ҷомеаро  ба масъалаҳои пешгирии бемории саратон ва зарурати ташхиси бармаҳали ин беморӣ ҷалб намоянд. Фонд тули се соли охир лоиҳаи “Зиндаги бидуни саратон”- ро маҳз бо ҳамин мақсад амалӣ мекунад.

 

Шарикони Намоишгоҳи хайрияи гулҳо инҳоянд:

DOROB Holding, Ширкати суғуртавии «Бима» , «Zira Group», ТҚҒ «Васл», Ширкати маркетингии «Hamatarafa», «Guli Anor», «Паҳлавон».

 

Шарикони иттилоотӣ:

Гурӯҳи расонаҳои «Азия+», Радио «HAMSADO», «Новое радио», Шабакаи телевизиони иттилоотӣ «Ҷаҳоннамо», Муасиссаи давлатии Телевизиони «Душанбе HD».

Маблағҳои ҷамъоваришуда аз чорабинӣ ба лоиҳаҳои пешгирии саратон дар байни занони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд.

Бо Фонди хайривии “Музаффар” ҳамроҳ шавед ва корҳои нек кунед!

Дар сайти ва шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед:

Website: muzaffar.tj

Facebook: Благотворительный фонд «Музаффар»

Instagram: fondimuzaffar neki_bikor

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...