Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2025

Date:

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 11 АПРЕЛ

Соли 2001 – Дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Душанбе Ҳабиб Сангинoв, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон  ба ҳалокат расид.

Соли 2011 – Тоҷикистон ва САҲА оид ба рушди милитсияи тоҷик ва ислоҳоти он Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Соли 2013 – Байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Эрон барои барқарорсозии сохтмони нақби “Истиқлол” ёддошти иловагӣ ба имзо расид.

Соли 2017 – Бори нахуст баъд аз 25 соли таваққуф ҳавопаймои “Airbus A320”-и Ӯзбекистон бо 29 мусофир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад.

Соли 2022 – Тоҷикистон ба Федератсияи байналмилалии киберварзиш дохил шуд.

Соли 2024 – Вакилони парлумони Тоҷикистон тағйиротро ба қонуни "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" қабул карданд, ки мувофиқи он, ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд аз давлат кумаки молиявӣ гиранд.

Соли 2024 – Парлумони Тоҷикистон ду созишномаи ҳарбӣ бо Туркияро тасдиқ кард, ки дар онҳо харидории силоҳ, аз ҷумла ҳавопаймоҳо бесарнишин (БПЛА) аз ин кишвар ва инчунин омӯзиши сарбозони тоҷик дар марказҳои таълимии ҳарбии Туркия пешбинӣ шудааст.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1955 – Мавлуди Махфират Ҳамроқулова, овозхони эстрадаи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

МЕДИА (YOUTUBE)

Ӯ сарояндаи дастаи эстрадии “Гулшан” буда, ҳанӯз замоне ки ҷавон буд, узви ин ансамбл гардид. "Гулҳои Душанбе", "Дили манӣ", "Боз бигирям",“Баҳори лолазори ман”, “Тоҷикистон”, “Умед”, “Шаби ошиқон”, “Духтари дарё", “Хоҳаракам” аз беҳтарин таронаҳои овозхон мебошанд.

Махфират Ҳамроқулова солҳои 90-ум бо хонаводааш ба Русия кӯчида, чанд сол онҷо зиндагӣ кард ва сипас ба  Амрико сафар карда, дар ҳамон ҷо бо оилааш сукунат гирифт.

Соли 1993 – Раҳмон Набиев, аввалин президенти Тоҷикистон дар замони истиқлолият дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҳмон Набиев

Ӯ фаъолияти кории худро соли 1946 ба ҳайси муҳосиб дар колхоз шурӯъ кардааст. Техникуми хоҷагии қишлоқи Ленинобод (Хуҷанд) ва Институти ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошкандро хатм карда,  солҳо дар соҳаи хоҷагии қишлоқ кор карда, аз соли 1961 ба корҳои ҳизбӣ гузашт.

Солҳои 1971-73 вазири хоҷагии қишлоқ, солҳои 1973-1982 раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва солҳои 1982-1986 Котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби комунисти Тоҷикистон (ҲКТ) буд. Ӯ инчунин депутати даъватҳои 9-11-уми Шӯрои Олиии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соли 1990 депутати Шӯрои Олии ҶТ ва сентябри соли 1991 раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид.

24 ноябри соли 1991 дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин интихоботи президентӣ баргузор гардид, ки дар он Раҳмон Набиев бо касби 56 дарсади овозҳо ғолиб дониста шуд. Соли 1992 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд ва 7 сентябри соли 1992 дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе як гурӯҳи силоҳбадастон Раҳмон Набиевро ба додани истеъфо аз мансаби президентӣ маҷбур карданд. Раҳмон Набиев баъди ин ҳодиса дар фурӯдгоҳ дигар ба сиёсат барнагашт.

Раҳмон Набиев 11 апрели соли 1993 дар Хуҷанд аз дунё чашм пӯшид.

Соли 1993 – Ҷалол Икромӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар синни 83-солагӣ аз олам чашм баст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷалол Икромӣ

Ҷалол Икромӣ, нависандаи забардасти тоҷик соли 1928 Дорулмуаллимини шаҳри Бухороро хатм намудааст. Ӯ соли 1930 ба Душанбе омада, ба фаъолияти адабӣ пардохт. Чанде мудири бахши адабии Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд.

Аввалин ҳикояи нашршудаи Ҷалол Икромӣ “Шабе дар Регистони Бухоро” буда, баъди ин нахустин қиссааш – “Тирмор”-ро эҷод кардааст.

Минбаъд марҳила ба марҳила романҳояш “Шодӣ”, “Ман гунаҳкорам, “Духтари оташ”, “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро”, “Тахти вожгун”, романи ҳаҷвии “Саргузашти Сафармахсум” ва “Сафармахсум дар Бухоро”, “Зоғҳои бадмур”, “Хатлон”, “Гули бодом аз Конибодом”, қиссаи “Тори анкабут” мунташир гаштанд.

Дар бораи устод Садриддин Айнӣ хотироти муассире эҷод кардааст, ки соли 1972 дар шакли китоби алоҳидаи “Устоди ман, мактаби ман ва худи ман” ба дасти хонандагон расидааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

11 апрел Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории Паркинсон таҷлил мешавад. Ин сана бесабаб интихоб нашудааст. 11 апрели соли 1755 Ҷеймс Паркинсон – табиб ва муҳаққиқи инглис ба дунё омадааст, ки аввалин шахсе буд бемории ба номаш мутааллиқро тавзеҳ дод.

Бемории Паркинсон бемории суст рушдёбандаи дегенеративӣ буда, нишонаҳояш ларзиши бадан, мушкилот дар ҳаракат ва қатъшавии фаъолиятҳои ҷисмонӣ мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии озоднамоии маҳбусони лагерҳои фашистӣ тақлил мешавад. Ин сана ба шӯриши байналмилалии маҳбусони лагери Бухенвалд бахшида шудааст, ки 11-уми апрели соли 1945 рух дода буд.

Бухенвалд яке аз лагерҳои бузурги консентратсионӣ дар Олмон буд, ки дар наздикии шаҳри Веймар, Тюрингия ҷойгир буд ва аз соли 1937 то апрели 1945 амал мекард. Дар он беш аз 56 ҳазор нафар аз 18 миллат, аз ҷумла 19 ҳазор асири ҷангии шӯравӣ кушта шуданд. 11 апрели соли 1945 маҳбусон бо шунидани наздикшавии нерӯҳои муттаҳид шӯриш карданд ва баъд аз чанд рӯз нерӯҳои амрикоӣ вориди лагер шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

11 апрели соли 1919 Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) ташкил ёфтааст. СБМ стандартҳои меҳнатии байналмилалиро таҳия намуда, барномаҳои беҳбуд бахшидан ба шароити кор ва зиндагии кормандонро омода мекунад. Соли 1946 СБМ нахустин агентии махсуси СММ шуд. Имрӯз 187 кишвар узви он ҳастанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии аниматсиясозон таҷлил мешавад. Ин рӯзро асосан дӯстдорони анимеи ҷопонӣ ҷашн мегиранд. Мақсади ин рӯз рушди бахши аниматсия дар ҷаҳон аст. Он аз асри XX сарчашма мегирад ва аввалин намунаи боқимондааш “Katsudo Shashin” аст, ки танҳо 3 сония давом мекунад.

Осаму Тэдзука падари аниматсияи муосир ҳисобида мешавад. Ӯ аввалин комикси худро бо номи “Shin Takarajima” навишт ва бо комикси маъруфи “Tetsuwan Atomu” ба комёбӣ расид. Имрӯз тасвирҳои аниматсионӣ на танҳо барои кӯдакон, балки барои наврасон ва калонсолон низ сохта мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 11 АПРЕЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 11+16º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 20+25º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 17+24º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда,  дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард, рӯзона 5+10º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 23+25º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 14+16º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...