Дар пайи заминларза дар Тоҷикистон як кӯдаки 3-сола ҷон бохта, 29 хона ва як мактаб зарар дидааст

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дар натиҷаи заминларзаи субҳи имрӯз, 13-уми апрел дар Тоҷикистон як кӯдаки 3-сола дар ноҳияи Рашт ҷон бохта, 29 хонаи сокинон ва 1 мактаби миёна дар ин минтақа зарар дидааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода (КҲФ) хабар додааст.

Манбаъ аз кӯдаки фавтида Абдуғанӣ Машрабов, сокини сесолаи деҳаи Уштурпасти ноҳияи Рашт ном бурда гуфт, ки ӯ ҳангоми заминҷунбӣ “зери девори хонаи истиқоматӣ монда, ба ҳалокат расидааст”.

Ба гуфтаи КҲФ, Раҷабали Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бо як ҳайат ба минтақаи Рашт ба ҷои ҳодиса рафтааст ва ҳоло хисороти расида аз заминларза ҳисоб карда мешавад.

Манбаъ мегӯяд, танҳо имрӯз дар ҳудуди кишвар се заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд, ки якеаш хисорот дар пайи дошт. Ин заминҷунбӣ соати 9:24 ба вақти маҳаллӣ рух дод, ки маркази он 21-километрии ноҳияи Рашт ва 160-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе мебошад. Дар маркази заминларза, яъне дар ҳудуди ноҳияи Рашт ларзиши замин 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе се балро ташкил додааст.

Дар пайи ин заминларза тибқи маълумоти пешакӣ, 29 хона ва як мактаб осеб дидаанд. Аз ин теъдод 17 хона дар ҳудуди деҳаҳои Сафедкунда, Гулханӣ, Кӯл, Аскалони ҷамоати деҳоти Аскалон ва бинои мактаби №56  дар деҳаи Гулхании ноҳияи Рашт ва 12 хона дар ҳудуди деҳаҳои Кӯл, Бӯстон ва Анвар Қаландарови ҷамоати деҳоти Лангари-Шоҳ ва деҳаи Ғанишоби ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод ҷойгир будаанд.

Заминларзаҳои дуввум ва сеюм, ки начандон сахт буд, соати 12:41 ва 13:33 дар ҳудуди ноҳияи Рашт рух додааст.  Маркази заминҷунбии дуввум 163 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 29 километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар ҳудуди  минтақаи Рашт 2-3 баллро ташкил дод. 

Маркази заминларзаи сеюм 158 километр шимолу-шарқи аз шаҳри Душанбе, 24 километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 3 балл, дар ҳудуди  минтақаи Рашт 2 баллро ташкил дод.

Ҳардуи ин заминҷунбиро сокинони пойтахт эҳсос накарданд.

Сокинон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт, шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ларзиши заминро эҳсос кардаанд. Аммо ба ғайри минтақаи Рашт аз дигар шаҳру навоҳии кишвар дар мавриди хисорот хабаре дастрас нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...