Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд, хатсайрҳои нав дар масири Душанбе–Иссиқкӯл-Душанбе ва Хуҷанд–Иссиқкӯл-Хуҷанд ташкил кунанд. Ҳамчунин, ҷонибҳо тасмим доранд, шумораи парвозҳоро дар хатсайрҳои Душанбе–Бишкек ва Хуҷанд–Бишкек, ки ҳоло ҳафтае як маротиба аст, бештар кунанд.

Ин масъала дар вохурии Ҳабибулло Назарзода ва Бостонов Данияр,  директорони Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар он  Омуров Торокелди, директори генералии КД “Қирғизаэронавигатсия” низ ҳузур дошт, рӯзи 15-уми апрел баррасӣ шудааст.

“Дар рафти мулоқот масъалаи зиёд намудани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе – Бишкек – Душанбе ва Хуҷанд – Бишкек – Хуҷанд, кушодани парвозҳо дар хастайри Душанбе – Иссиқкӯл ва Хуҷанд – Иссиқкӯл, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба оид ба бехатарии парвозҳо рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи гражданӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд”, – навиштааст манбаъ.

Оҷонсӣ дар хусуси аз кай оғоз гардидани парвозҳо байни шаҳрҳои Душанбе- Иссиқкӯл ва Хуҷанд – Иссиқкӯл маълумот надодааст. Дар ин ниҳод гуфтанд, ин масъала дар баррасӣ қарор дорад.

Ба навиштаи манбаъ, ҷонибҳо дар вохӯрӣ лоиҳаи “Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Агентии авиатсияи граждании назди Девони вазирони Қирғизистон” имзо кардаанд.

Ин санад ба хотири баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии мутахассисони соҳаи ҳавонаварӣ ба имзо расидааст.

Парвози доимӣ дар масири Душанбе-Бишкек ва баръакс аз рӯзи 23-юми март ва  Бишкек ба Хуҷанд ва баръакс аз рӯзи 8-уми апрел амал мекунад. Парвоз аз Душанбе ба Бишкек  ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе ва аз Бишкек вба Хуҷанд ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе анҷом меёбад.

Бояд гуфт, баъди қариб чаҳор соли баста будани сарҳад, моҳи марти соли 2025 миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаи оид ба сарҳад имзо шуд ва зимни мулоқоти раисони ду ҷумҳур дар кишвари ҳамсоя эълон гардид, ки минбаъд хатсайри ҳавоии Душанбе – Бишкек ва фаъолияти ду гузаргоҳи сарҳадӣ аз сар гирифта мешавад.

Оиди роҳҳои аз Тоҷикистон ба Қирғизистон рафтан, таърихи баҳси марзӣ ва боз шудани сарҳад миёни ду кишвар дар матлаби “Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...