Ҳавлӣ, хона, ду мошин ва 230 ҳазор сомонӣ. Мақомот ба мусодираи амволи чеҳраҳои “парвандаи табаддулот” оғоз карданд

Радиои Озодӣ

Мақомоти Тоҷикистон ба мусодираи амволи чеҳраҳои шинохтае шуруъ карданд, ки бо иттиҳоми кӯшиши табаддулот зиндонӣ шудаанд. Наздикони чанде аз маҳкумшудагон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомот ба онҳо ҳушдор додаанд, ки хонаҳои худро холӣ кунанд. Ин дар ҳолест, ки пайвандони баъзе аз ин афрод бо қарори мақомот розӣ нестанд.

 

"Ду мошини Искандаров ҳам мусодира хоҳад шуд"

Пас аз қувваи қонунӣ гирифтани ҳукми додгоҳ дар бораи ҳабси чеҳраҳои шинохта намояндагони Хадамоти иҷро ба мусодираи амволи бархе аз онҳо сар кардаанд.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, манзили падарии Саидҷаъфар Усмонзода, собиқ раиси Ҳизби демократ ва вакили пешини порлумон дар ноҳияи Фархор мусодира карда шудааст. Манзиле, ки Усмонзода дар Душанбе зиндагӣ мекард, ба номи ҳамсараш будааст.

Рӯзи 16-уми апрел хабарнигорони Радиои Озодӣ ба манзили Усмонзода дар шаҳри Душанбе рафтанд, аммо пайвандонаш нахостанд суҳбат кунанд. Онҳо танҳо гуфтанд, касе барои мусодираи ин хона наомадааст, чун аз ҳамсари Саидҷаъфар Усмонзода аст, на аз худи ӯ.

Ҳавлии Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳам мусодира шудааст. Рӯзи 16-уми апрел хабарнигорони Радиои Озодӣ ба ин манзили Зарифӣ рафтанд ва онҷо касеро пайдо накарданд. Маълум буд, ки қулфи дарро иваз кардаанд.

Чанд ҳамсояи Зарифӣ дар суҳбати ҳузурӣ ба хабарнигори Озодӣ гуфтанд, рӯзи 14-уми апрел намояндагони мақомот омада, ба наздикони вазири собиқ ҳушдор додаанд, ки хонаашон мусодира шудааст ва онҳо бояд манзилро тарк кунанд.

"Зарифӣ аз баҳор то тирамоҳ дар ин хона зиндагӣ мекард, зимистон ба як хона дар баландошёна мерафт. Баъди боздошт мо фақат ҳамсари Ҳамрохонро дар ин манзил медидем ва се рӯз пеш ӯро ҳам берун карда гуфтанд, хона бар асоси қарори додгоҳ мусодира шудааст," — гуфт яке аз ҳамсояҳои вазири пешин.

Бино ба маълумоте, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, намояндагони Хадамоти иҷро шоми 15-уми апрел ба манзили Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон ва муддате иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон рафта, ба наздикони ӯ гуфтаанд, то ду рӯзи оянда хонаро холӣ кунанд. Ду мошини Искандаров ҳам бо қарори додгоҳ мусодира хоҳад шуд.

Яке аз пайвандони Акбаршо Искандаров бо шарти фош нашудани номаш гуфт, ба қарори мусодира розӣ нестанд, чун хона аслан ба ҷияни Искандаров тааллуқ дорад.

"Соҳиби хона, яъне ҷияни Искандаров ба намояндагони Хадамоти иҷро гуфт, ки ин хона аз ман аст, чаро онро мусодира мекунед? Онҳо гуфтанд, ки мо танҳо супоришро иҷро мекунем, агар шикояте доред ба Додгоҳи олӣ муроҷиат кунед," — афзуд ин хешованди Акбаршо Искандаров.

 

230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимова куҷо шуд?

Манзили Аҳмадшо Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳам дар канори Душанбе холӣ аст. Ҳамсояҳояш гуфтанд, 14-уми апрел намояндагони Хадамоти иҷро ба пайвандони Комилзода фақат се рӯз муҳлат додаанд, ки хонаро холӣ кунанд. Рӯзи 16-уми апрел хабарнигорони Радиои Озодӣ касеро дар манзили Аҳмадшо Комилзода пайдо накарданд, то назарашонро пурсанд.

Шаҳноз Комилзода, духтари Аҳмадшо Комилзода, дар моҳи феврал ва баъди эълони ҳукми додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, падараш ягон моликият надорад. "Ҳавлие, ки додгоҳ қарори мусодира карданашро содир кардааст, ба модарам тааллуқ дорад",-гуфта буд ӯ.

Ҳеч яке аз наздикони маҳкумшудаҳо ошкоро дар ин бора суҳбат намекунанд. Намояндагони Хадамоти иҷро ҳам рӯзи 16-уми апрел барои шарҳи масъала нома талаб карданд. Пайвандони баъзе чеҳраҳои шинохта бо шарти фош нашудани номашон гуфтанд, аз болои қарори мусодираи амвол шикоят хоҳанд бурд.

Ба иттилои як манбаи Радиои Озодӣ, Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки ҳамагӣ як хона дар баландошёна дошт, аз мусодира берун мондааст, чун он ягона сарпаноҳи хонавода будааст.

Рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова дар Душанбе иҷоранишин буд ва ягон хона ё амволи дигар барои мусодира надоштааст. Қариб 230 ҳазор сомоние, ки дар суратҳисоби бонкии Рухшона Ҳакимова буд, аз сӯи мақомот ҳабс шудааст ва сарнавишти баъдии ин маблағ маълум нест.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, шоми 16-уми апрел намояндагони мақомот барои мусодираи ду манзили Абдулфайз Атоӣ, сухангӯи пешини Вазорати корҳои хориҷӣ, дар шаҳри Душанбе омадаанд. Дар ин манзилҳо духтарони Атоӣ бо фарзандонашон зиндагӣ мекардаанд. "Намояндагони мақомот бегоҳи рӯз омада талаб карданд, ки хонаро давоми се рӯз холӣ кунанд. Кӯдакон ин аз тарсида буданд," – гуфт як манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ.

Дар бораи мусодираи амволи сарҳангҳо Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Бойев чизе маълум нест. Вакилони дифоъ қаблан гуфта буданд, барои ҳамаи маҳкумшудаҳо дар доираи парвандаи “табаддулот” қарори мусодираи амвол низ баромадааст.

Гурӯҳи иборат аз сиёсатмадорону мансабдорони пешин ва як рӯзноманигор дар моҳи феврал бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “кӯшиши табаддулот” дар моҳи феврал аз 8 то 27 сол зиндонӣ карда шуданд. Худашон онро беасос медонанд ва аз мақомот хоста буданд, ки ҳукмро бознигарӣ ва қарори мусодираи амвол бекор карда шавад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 2-юми апрел ҳукми 9 нафарро дар доираи парвандаи “табаддулот” бетағйир гузошт. Баъди ин ҳукми додгоҳ ба иҷро даромад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...