Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ҳукумат барои назорати бахши энергетика ниҳоди наве бо номи Оҷонсии назорати давлатии энергетикии назди президенти Тоҷикистон таъсис медиҳад. Оҷонсӣ бояд то охири моҳи апрел ба фаъолият шуруъ кунад. Ин ниҳод аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои махсус маблағгузорӣ карда мешавад.

Ин қарори ҳукумат аз 28-уми марти соли 2025, баъди як рӯзи пешниҳоди ҷазо барои саркашӣ аз пардохти пули барқ ва дуздии он аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар ба имзо расид. Нусхаи қарорро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст.

Тибқи фармони раиси ҷумҳур то охири моҳи апрел Оҷонсӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор “низомнома, сохтори дастгоҳ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқи”-ро бояд таҳия кунад.

Гуфта шудааст, ки ин ниҳод аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои суратҳисоби махсус ва манбаъҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молияи Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Дар қарор омадааст, ки дар ин Оҷонсӣ 157 корманд аз ҷумла 46 нафар дар дастгоҳи марказӣ бо кор таъмин мешаванд. Маоши 146 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва 11 корманди ташкилотҳои системавии ниҳод аз ҳисоби маблағҳои махсус ҷудо карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика фаъолият мекунад. Хадамот  тамоми бахшҳои энергетика аз истеҳсолу интиқоли барқ то истеҳсоли ангиштро назорат мекард.

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон кӯтоҳ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Оҷонсӣ дар заминаи Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика таъсис меёбад. Ҳамакнун маълум нест, ки Хадамот ба фаъолият идома медиҳад ё вазифаи он ба оҷонсии навтаъсис вогузор мешавад.

Бояд гуфт, ки ниҳоди нав барои назорати бахши энергетика дар пайи сахттар кардани ҷазо барои дуздии нерӯи барқ ташкил шудааст.

Чанде қабл рӯзи 2-юми апрел вакилони Маҷлиси намояндагон, палати поёнии парлумон тарҳи ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқро ба тасвиб расониданд. Тарҳи мазкурро 11-уми апрел вакилони Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палати болоии парлумон низ дар иҷлосияи якуми худ қабул карданд.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари чанд лоиҳаи қонуни дигар, тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро имзо кард. Бар пояи ин тарҳи қонун касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.

Пешниҳоди ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он дар пайи нигаронии Эмомалӣ Раҳмон “аз истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он”, ки дар маҷлиси ҳукумати кишвар дар охири моҳи март садо дод, муқаррар карда шуд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...