“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо

Date:

ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи миллиро таҳти унвони “Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ” баргузор намуданд.

Дар руйдоде, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд, беш аз 300 иштирокдор аз тамоми гӯшаҳои кишвар ҷамъ омаданд, то масъалаҳои марбут ба татбиқи Чаҳорчӯби малакаҳои наврасон, рақамикунонии соҳаи маориф ва дастовардҳои таҳсилот ва омӯзиши касбиро баррасӣ намоянд. Дар конференсия таваҷҷуҳи махсус ба таъсири чашмраси ин ташаббусҳо ба ташаккули ояндаи наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон зоҳир карда шуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Дар Тоҷикистон тавонмандсозии ҷавонон бо малакаҳои зарурӣ, фарогир ва ба оянда нигаронидашуда, аз ҷумла малакаҳои касбӣ-техникӣ, рақамӣ, соҳибкорӣ ва муоширати байнишахсӣ ҷиҳати рушди шахсии онҳо ва пешрафти устувори кишвар муҳим мебошад. Ҳукумат, шарикон ва ҷомеаҳо – биёед якҷоя фаъолият намуда, тадбирҳои муассирро тавсеа бахшем, баробарии гендериро тарғибу ташвиқ кунем ва ҷавононро барои пешсафӣ дар ояндаи “сабз” ва рақамӣ омода созем”, – гуфт Раймундас Кароблис, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Иштирокдорони конференсия дар бораи стратегияҳои муассири татбиқи барномаҳои муносибати босалоҳият ба таълим сухан гуфта, инчунин нақшаҳои тавсеаи барномаи омӯзиши босалоҳиятро баррасӣ намуданд. Дар доираи конференсия форуми инноватсионии ҷавонон низ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои рушди малакаҳои “сабз”, соҳибкорӣ, экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон, роҳнамоии касбии стратегӣ барои омодагӣ ба оянда, зеҳни сунъӣ ва ҳифзи ҷавонон дар интернет дар шароити таҳдидҳои киберӣ муҳокима гардиданд.

Дар конференсия аз аҳамияти рақамикунонӣ дар соҳаи маориф таъкид гардид, аз ҷумла дар таҳияи захираҳо бо рамзи ибтидоии кушода ва барномаҳо барои таҳсилоти фосилавӣ ва омехта. Инчунин, нақши таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар гузариш аз таҳсил ба кор, бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои пешқадами омодасозии мутахассисон, ки ба ҷавонон имкони ворид шудан ба бозори меҳнатро фароҳам месозанд, муҳокима шуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Равиши ЮНИСЕФ ба рушди пайвастаи таълим равона шудааст, то кӯдакон ва наврасон тавонанд бо муваффақият ва бе душворӣ аз зинаи таҳсил ба ҳаёти меҳнатӣ гузаранд. Бо бартараф намудани тафовут миёни таҳсил ва шуғл, ин ташаббус ҷавононро бо малакаҳои асосӣ ва рақамӣ муҷаҳҳаз месозад, ки барои гузариши бомуваффақ ба ҳаёти касбӣ муҳим мебошанд”, – зикр намуд Артур ван Дизен, Сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳадафи асосии конференсия таҳкими ҳамкорӣ байни шарикон тавассути мусоидат ба истифода ва дастрасии муштарак ба захираҳое буд, ки дар доираи ин барнома таҳия шудаанд. Ин захираҳо барои баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба шуғл ва имконияти дарёфти кор нақши муҳим бозида, барои ҷавобгӯ будан ба талаботи бозори меҳнат наврасонро бо малакаҳои лозима таъмин мекунанд. 

Ислоҳоти таҳсилот бар асоси муносибати босалоҳият ба таълим дар меҳвари Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 қарор дорад, ки ҳадафи он фароҳам овардани имкониятои таҳсилоти босифат ва фарогир барои ҳамаи кӯдакон ва наврасон, бахусус ниёзмандон мебошад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тавассути маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи “Рушди малака ва салоҳиятҳои духтарон ва писарон барои гузариш аз таҳсил ба кор дар Тоҷикистон ва Дастгирии миллии муттасилии таълим дар доираи Нақшаи миллии омодагӣ ва вокуниш ба COVID-19 дар соҳаи маориф”, Ҷаҳорчӯби салоҳияти наврасон 43 000 наврасон ва ҷавонон (49% духтарон), аз ҷумла паноҳандагон ва наврасон аз 47 ноҳияи дурдаст ва бештар аз 300 нафар омӯзгор ва мураббӣ ба таҳсил фаро гирифта шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...