Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар мусобиқаи 6-уми байналмилалии куштигирӣ дар Душанбе барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” 108 варзишгар аз 25 кишвар иштирок мекунанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 20 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Дар ин бора аз Федератсияи байналмилалии куштигирӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ додаанд.

Мусобиқа дар Қасри тенниси шафати Варзишгоҳи марказии пойтахт рӯзи 26-уми апрел баргузор мешавад. Дар мусобиқа 128 варзишгар дар вазнҳои аз 65 то 95 кило барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе вориди рақобат мешаванд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 20 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Кадом куштингирони тоҷик дар ин мусобиқа баромад мекунанд, маълум нест.

Дар мусобиқаи варзишгарон аз 25 кишвар – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Эрон, Ҳиндустон, Арманистон, Бангладеш, Белорусия, Булғористон, Олмон, Юнон, Миср, Молдова ва дигар давлатҳо ширкат мекунанд.

Ҷоизаи умумии мусобиқа 110 ҳазор доллар мебошад. Ғолибони мақоми аввал бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм 5 ҳазор доллар ва мақомҳои сеюм 2 ҳазору 500 доллар қадрдонӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, ки мусобиқа бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушди варзиш, тарғиби солимгардонӣ миёни сокинони пойтахт баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур ҳар сол дар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе баргузор мешавад. Соли гузашта дар ин мусобиқа 140 варзишгар аз 39 кишвар иштирок карданд. Аз Тоҷикистон 28 варзишгар баромад карданд.  Маблағи умумии ҷоиза 100 ҳазор долларро ташкил менамуд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...