Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд

Ҳусния Кишварова, духтари 10-солаи сокини шаҳри Бохтар ду рӯзи пеш дар рӯдхонаи Вахш ғарқ шуда, бедарак гаштааст. То ҳол кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва пайвандонаш ҷасади духтарчаро ҷустуҷӯ доранд. Меҳрона Кишварова, апаи духтари ғарқшуда дар ин бора ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, ки Ҳусния тахминан соати 15:00-и рӯзи 16-уми апрел дар ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа, деҳаии […]

Asia-Plus

Ҳусния Кишварова, духтари 10-солаи сокини шаҳри Бохтар ду рӯзи пеш дар рӯдхонаи Вахш ғарқ шуда, бедарак гаштааст. То ҳол кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва пайвандонаш ҷасади духтарчаро ҷустуҷӯ доранд.

Меҳрона Кишварова, апаи духтари ғарқшуда дар ин бора ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, ки Ҳусния тахминан соати 15:00-и рӯзи 16-уми апрел дар ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа, деҳаии Механизатор ба яке аз шохоби дарёи Вахш афтодааст.

“Хонаи мо канори рӯдхонаи Вахш аст. Хоҳарам ҳамроҳи ҷиянам, ки ҳарду ҳамсинф буданд, дар назди рӯдхона бозӣ доштаанд, ҳарду ба об меафтанд, ҷиянам аз об мебарояд, Ҳусния ғарқ мешавад. Ду рӯз боз тани беҷони ӯро мекобем”, нақл кард Меҳрона Кишварова.

Ӯ аз мақомоти масъул хоҳиш дорад, ки ҷустуҷӯро давом диҳанд ва аз сокинон хоҳиш мекунад, ки дар ҳолати пайдо кардани ҷасад ба оилаи онҳо тавассути рақамҳои +992 00 188 77 41 иттилоъ диҳанд.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба мо гуфтанд, ки аз ҳодиса хабар доранд ва ҳоло наҷотдиҳандагони ин ниҳод дар ҷустуҷӯи ҷасади Меҳрона Кишварова ҳастанд.

Чанд муддат боз ҳодисаҳои ғарқ шудани кӯдакон дар обу дарёҳои кишвар зиёд расонаӣ мешавад. Махсусан, бо оғози мавсими гармӣ аксари наврасон ба қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо риоя накарда, ба ҳалокат мерасанд.

Бори охир 4 рӯзи пеш, рӯзи 14-уми апрел хабари дар ҳудуди деҳаи Сафедмуни ҷамоати Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод дар дарёи Шӯрак ба об ғарқ шудани ду писарбачаи 4 ва 6-сола расонаӣ гашта буд. Наҷотбахшон ҷасади онҳоро пайдо карда, ба пайвандонаш супориданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио