Дар Тоҷикобод ду кӯдак дар дарё ғарқ шудаанд

Дирӯз, 14-уми апрел ду писарбачаи 4 ва 6-сола дар дарёи Шӯрак, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Сафедмуни ҷамоати Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод ғарқ шуда, ҷон бохтаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) иттилоъ дода, навиштааст, ҳодиса тақрибан соати 11-и рӯз рух додааст. Ба навиштаи манбаъ, баъди рух додани ҳодиса давоми рӯз наҷотбахшони шуъбаи КҲФ ҷасади […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дирӯз, 14-уми апрел ду писарбачаи 4 ва 6-сола дар дарёи Шӯрак, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Сафедмуни ҷамоати Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод ғарқ шуда, ҷон бохтаанд.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) иттилоъ дода, навиштааст, ҳодиса тақрибан соати 11-и рӯз рух додааст.

Ба навиштаи манбаъ, баъди рух додани ҳодиса давоми рӯз наҷотбахшони шуъбаи КҲФ ҷасади писарбачаи 6-соларо пайдо карда, ба волидонаш супоридаанд. Ҷасади кӯдаки 4-сола бошад, субҳи имрӯз, 15-уми апрел соати шаш 200 метр поёнтар аз ҳодиса дарёфт шудааст.

Мақомот сабаби ҳодисаро аз назорати волидон дур мондани кӯдакон гуфтаанд, ки дар натиҷа онҳо ба об афтода ғарқ шудаанд. 

Дар пайи ин ҳодиса, КҲФ аз волидон хостааст, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд.

Ҳодисаҳои ғарқ шудани кӯдакон дар обу дарёҳои кишвар зиёд расонаӣ мешавад. Махсусан, бо оғози мавсими гармӣ аксари наврасон ба қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо риоя накарда, ба ҳалокат мерасанд.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар ҳамин мавсим Сафияхон Раҳматоваи 9-сола дар дарёи Сир ғарқ шуд ва ҷасадашро баъди моҳе дар яке аз каналҳои Ӯзбекистон дарёфт карданд.

Пештар аз ин хабари ғарқ шудани 5 кӯдак дар як шабонарӯз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон расонаӣ шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио