Музокироти Эрону Амрико бар сари барномаи ҳастаӣ. Созиш ё ҷанг?

Қосим Бекмуҳаммад, рӯзноманигор ва таҳлилгари масоили сиёсӣ, махсус барои Asia-Plus

Музокироти ҳастаии миёни Эрону Амрико агар бо созиш анҷом ёбад, қадами муҳимме дар масири сулҳу суботи минтақаӣ хоҳад буд, аммо агар ба самти ихтилофу таниш пеш биравад, осебпазирии амнияти байналмиллалӣ ба маротиб бештар хоҳад шуд.

Дар 12-уми апрел дар Уммон даври нахуст ва дар 19 апрел дар Италия даври дуввуми музокироти ҳайатҳои Теҳрону Вашингтон бо раҳбарии вазири корҳои хориҷии Эрон Аббоси Ароқчӣ ва намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико дар умури Ховари Миёна Стив Уиткофф баргузор шуд.

Қатъи назар аз бархе аз баёнияҳои зидду нақизе, ки матраҳ шуд, ҳарду тараф аз раванди музокирот розӣ ба назар мерасанд. Агар чунин набуд, нишасти коршиносони фаннии ду ҷониб дар 23-юми апрел ва даври севуми музокирот дар 26-уми апрел мавриди мувофиқа қарор намегирифт.

Интизор меравад, ки рӯзи шанбеи пеши рӯ Аббоси Ароқчӣ ва Стив Уиткофф перомуни чорчӯби тавофуқ ё созиши пешниҳодии коршиносони ду ҷониб гуфтугӯ анҷом диҳанд. Ҳатто ин пешбинӣ вуҷуд дорад, ки агар ба мавзуъи аслии музокирот (таҳияи созукори  тазмини сулҳомез ва ғайринизомӣ будани барномаи ҳастаии Эрон ва лағви таҳримҳо аз ҷониби Амрико) хостаҳои дигар (монанди қатъи комили барномаҳои мушакӣ ва паҳподии Эрон ва халъи силоҳи муттаҳидони Теҳрон дар кишварҳои Ховари Миёна) илова нашавад, мумкин аст Эрону Амрико дар замони нисбатан кутоҳе ба тавофуқ расанд.

Аммо чунин натиҷае мавриди қабули намояндагони бархе аз ҷиноҳҳои сиёсӣ дар дохили худи Амрико набуда, дар хориҷ низ нороҳатии комили баъзе аз кишварҳо, махсусан Исроилро ба бор хоҳад овард. Аз ин ҷост, ки Бинёмин Нетанёҳу, сарвазири Исроил рӯзи якшанбе бо норҳатӣ аз раванди музокирот бори дигар хостори барчида шудани комили барномаи ҳастаии Эрон шуд ва таҳдиди ҳамлаи ҳавоӣ ба таъсисоти марбутаи онро кард.

Агарчӣ ӯ гуфт, ки омодааст ба танҳоӣ чунин иқдомеро анҷом диҳад, гумон намеравад бидуни ҳимояти низомии Амрико асаргузории лозимро дошта бошад.

Гузашта аз он, шояд иқдомоти якҷонибаи Нетанёҳу то ҷое боиси эҷоди кудурат байни вай ва Доналд Трамп низ шавад. Зеро маълум аст, ки чунин як иқдоме бе посухи Эрон нахоҳад монд.

Зимнан дар раҳгирӣ ё хунсосозии бахши зиёде аз мушакҳову паҳподҳои эронӣ дар ҷараёни ҳамлаҳои моҳи апрел ва октяби соли 2024 ба Исроил, нақши сомонаҳои дифоъии Амрико дар минтақаи Ховари Миёна бисёр муҳим буд. Агар Амрико ҳатто ба сурати муваққат аз анҷоми чунин коре даст бардорад, шароит барои Исроил печидатар аз гузашта хоҳад шуд.

Тибқи Қонуни асосии Амрико як нафар беш аз ду бор наметавонад раиси ҷумҳури ин кишвар интихоб шавад. Ба назар мерасад, ки Доналд Трамп дар давраи дуввуми роҳбарии худ мехоҳад бештар ба ҳаллу фасли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии Амрико тамаркуз кунад.

Ҳаргуна даргириву ҷанг (бо харҷи миллиардҳо доллар) иҷрои ин корро мушкил хоҳад кард. Таҳдидҳои ӯ дар бораи эҳтимоли ҳамлаи низомӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон (ҳатто дар сурати амалӣ шудани он шояд чанд сол ин барномаро боз дорад, аммо комилан аз байн бурдани он имконпазир нест, чаро ки дониши ҳастаӣ дар Эрон бумӣ шудааст) бештар ҷанбаи намоишӣ дошт ва ҳадафи қонеъ кардани афкори умумии бархе аз гурӯҳҳои дохилии Амрикоро дунбол мекард.

Албатта, Амрико ҳанӯз ҳам қудрати шумораи аввали дунёст, аммо ин ҷойгоҳ наметавонад ба сурати истисноӣ ҳамеша ба он тааллуқ дошта бошад. Амрико дар муқобили худ рақиби фавқулъода ҷиддиву тавонманде чун Чинро мебинад, ки дар бештари заминаҳо, бахусус рушди иқтисодӣ ва фанновариҳои низомиву ғайринизомӣ, дастовардҳои бузурге дорад. Гумон намеравад ҷанги таъруфаҳо, ки раиси ҷумҳури Амрико оғоз кардааст, қодир ба боз доштани ҳаракати Чин шавад.

Аз ин ҷост, ки ҷанг Доналд Трампро ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳадафе, ки гузоштааст, наздик нахоҳад кард. Бахусус дар шароите, ки қарзи давлатии Амрико ба 36.64 триллион доллар расидаву ба ҳар шаҳрванди ин кишвар тақрибан 107 ҳазор долларӣ рост меояд…

Аз сӯи дигар “ҳалли масъалаи Эрон” барои ҳеҷ қудрате саҳлу осон набуда, дер ё зуд ворид шудан аз дари музокиротро авлотар хоҳанд донист. Худи ин ки як тарафи музокирот Амрикост ва тарафи дигар Эрон, нишондиҳандаи қудрат, ҷойгоҳ ва эътибори ин кишвар аст (дар беш аз ду даҳаи пеш Амрико ба Афғонистону Ироқ ҳамла кард ва даъвати ин кишварҳо ба музокиротро ҳам лозим надонист). Бинобар  ин, ба эҳтимоли зиёд натиҷаи музокироти Эрону Амрико маҳдуд ба нафъи як ҷониб нахоҳад буд.

Мумкин аст Эрон бо ҳифзи ғанисозии 3,67 дарсадии уран розӣ шудаву барномаи ҳастаии сулҳомезу ғайринизомии худро идома диҳад ва дар мавриди нигаҳдории урани беш аз 20 дарсад ғанишуда дар дохил ё хориҷи кишвар бо Амрико ба тавофуқ бирасад (бештари ин масъалаҳо дар соли 2018 дар “Барномаи ҷомеъи иқдом”, ки Эрон бо Русия, Чин, Амрико, Фаронса, Англия, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо имзо кард, ҳал шуда буданд, аммо Амрико ба таври якҷониба аз он хориҷ шуд ва арзиши ин санад аз байн рафт). Дар ивази ин иқдом шояд дороиҳои блокшудаи Эрон озод ва таҳримҳои Амрико низ лағв шавад. Чунин як созише ҳадди ақал дар миёнамуддат ба нафъи ҳарду ҷониб буда, хатари даргириро аз байн хоҳад бурд.

Бояд гуфт, ки Доналд Трамп бо гузашти 100 рӯз аз давраи нави раёсати ҷумҳурии худ дастовардҳои зиёде надорад. Бо вуҷуди таҳдидҳову ваъдаҳои баландболо дар масъалаи оташбаси Ғаза ва сулҳи Русияву Украина пешрафти хосе ба назар намерасад. Дар чунин як шароит созише, ки дар натиҷаи музокироти Эрону Амрико ба даст меояд, метавонад ҳамчун нахустин “пирӯзии” ҷиддии Доналд Трамп муаррифӣ шавад.

Аммо агар ба ҳар далеле раванд дар масири ихтилоф ва рӯёрӯии мустақими низомӣ пеш биравад, натанҳо амнияти минтақаи Ховари Миёна, балки хеле фаротар аз он дар маърази таҳдидҳои ҷиддӣ қарор хоҳад гирифт.

Мушкили аслӣ ин ҷост, ки дар даҳаҳои ахир дар даргириҳои ин минтақа гурӯҳҳои террористӣ ҳузури фаъол доранд ва сар задани ҷанг байни Эрону Амрико ё Эрону Исроил, ки пойи дигар бозигаронро ҳам хоҳад кашид, хуни тозае ба рагҳои ҷараёнҳои ифротӣ хоҳад дамид, ки паёмадҳои номатлубу хатарноки онро бештари минтақаҳо, аз ҷумла Осиёи Марказӣ низ эҳсос хоҳанд кард. 

Як нуктаи дигарро низ наметавон нодида гирифт. Эрониҳо монанди бисёре аз мардуми ҷаҳон вақте хатари ҳамлаи хориҷӣ ба сарзаминашон ба миён ояд, ҳама ихтилофоти сиёсиву ҷиноҳии худро канор гузоштаву муттаҳид мешаванд, ки ҳамин ҳоло низ нишонаҳои рушане аз он ба мушоҳида мерасад. Ваҳдати дохилии Эрон омили тақвияткунандаи қудрати низомиву дифоъии он аст, ки ба истилоҳ, бо таҳдидҳои рақибонаш таъмин мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...