Оғози корҳои сохтмони хонаҳои нав барои осебдидагон аз заминларза дар Тоҷикобод

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар мавзеи Сабзазори ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ дар ноҳияи Тоҷикобод корҳои сохтмони хонаҳои нав барои 30 оилае, ки бар асари заминларза манзилҳояшон пурра тахриб гардид, оғоз шуд.

Тавре ки АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, ин ҷо дар 12 садяк замин барои 30 оилае, ки хонаҳояшон пурра хароб гардидааст, хонаҳои чорҳуҷрагии нав бо тамоми шароит сохта мешаванд. Аллакай дар ин мавзеъ барои тақсим намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ сохторҳои марбутаи соҳавӣ фаъолият намуда, корҳои тахту ҳамворкунӣ ва омодасозии қитъаи замин барои бунёди манзил  оғоз шудаанд.

Гуфта мешавад, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳзури Тоҷикистон ба аҳолии зарардидаи деҳоти  ноҳия  аз ҷониби  КҲФ ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ хайма, маводи хӯрокворӣ, беҳдоштӣ ва сӯзишворӣ дастрас карда шуд.

Инчунин ба минтақаи Рашт аз ҳисоби захираҳои моддии давлатӣ масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили семент, тахта, арматура ва дигар масолеҳи зарурӣ  ҷудо карда шуда, дастраси зарардидагон  гардонда шуд.

Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат зимни сафари корӣ ба маҳалҳое, ки дар онҳо заминларза ба вуқуъ омада буд, ташриф оварда, зимни вохӯрӣ бо мардуми зарардида таъкид шуд, ки бо дастури сарвари давлат ҳамаи хонаҳои вайрону валангоршуда бо маблағгузории ҳукумат ва ҷалби соҳибкорону дигар шахсони ватандӯст сохта, ба истифода дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар минтақаи корҳои барқарор намудани зерсохтор, қитъаҳои заминҳои кишоварзӣ ва иншооти соҳаи иҷтимоӣ ҷараён доранд.

Тибқи маълумот, бар асари заминларзае, ки 13 апрел дар ноҳияи Тоҷикобод ба амал омад, 33 хонаи истиқоматӣ пурра вайрон ва 123 хона қисман зарар дида, ба 97 хонаи дигар осеби сабук ва ба 75 иншооти ёрирасон зарар расидааст.

Ҳамчунин 2 муассисаи таълимӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 1 беморхонаи минтақавӣ ва 1 маркази фароғатӣ зарар диданд. Дар натиҷаи ин заминларза ба соҳаҳои хоҷагии роҳ, таъминоти барқ, шабакаҳои обёрӣ ва оби нӯшокӣ низ хисорот расидааст.

Ёдрас мекунем, ки дар маҷлиси ғайринавбатии ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки шахсони масъул дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқгардидаи комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод рӯйхати аниқшудаи оилаҳои зарардидаро барои расонидани кумакҳои яквақтаинаи моддӣ пешниҳод намоянд.

Президент аз ҷумла, ба ширкати “Тоҷиксуғурта” ва ҳукуматҳои Рашту Тоҷикобод супориш додааст, ки ба ҳар як оилаи аз заминҷунбӣ зарардида, сарфи назар аз мавҷудияти шартномаи суғуртавӣ пул диҳанд.

Ҳамчунин, раиси ҷумҳури кишвар ба ҳукуматҳои ин ду ноҳия дастур дод, ки барои оилаҳои хонаҳояшон пурра вайроншуда то 1-уми ноябр хонаҳои нав сохта ва ба истифода диҳанд. Зикр шудааст, ки ба оилаҳои хонаҳояшон вайроншуда барои сохтани манзил замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуда, “лоиҳаи хонаҳои чорҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин” таҳия карда шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...