Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар марказҳои савдои Душанбе дар робита ба либоси бегона

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Дар маркази савдои “Ватан”-и шаҳри Душанбе аввали ҳафтаи равон бо тоҷирони ин марказ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт хабар медиҳад.

Дар хабар зикр мешавад, ки “масъалаи бегонапарастӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб рафта, аҳли ҷомеаро мебояд, ки ба ин зуҳурот бетараф набуда, дар якҷоягӣ бар зидди паҳн шудани урфу одатҳои ба фарҳанги мо бегона мубориза барем”.

“Тавре ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, яке аз зуҳуроти нангин дар ҷомеаи муосир, ин бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, сиёсатмадорону фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза ба хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро дар назди халқу Ватан софдилона иҷро намоем…", – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, бо ин мақсад, тибқи дастуру супоришҳои ҳукумати ва супориши раиси ноҳия Сафар Олимзода гурӯҳи корӣ тасдиқ карда шуда, дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, бо тоҷирони  Маркази савдои "Ватан" корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки чунин сӯҳбатҳо дар дигар нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳои ҳудуди ноҳия роҳандозӣ хоҳанд шуд.

Ёдрас мекунем, ки санади қонунгузорӣ оид ба “воридоту фурӯш ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” дар кишвар моҳи майи соли 2024 бо тағйирот ба қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” (моддаи 18) ҷорӣ шуд.

Аммо мафҳуми “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” ба тарзҳои гуногун шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Вакили парлумон Муҷибахон Гавҳарӣ дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуда буд, ки зери мафҳуми “либоси бегона” дар баробари ҳиҷоб ва сатр, инчунин, "абаяҳо"-и дароз ва сиёҳ, ки аз кишварҳои арабӣ омадаанд, ҷинсҳои дарида ва либосҳои хеле кӯтоҳ ва нимурён дохил мешаванд, ки дар асоси қонуни нав пӯшидани онҳо манъ аст.

Муовини вазири фарҳангӣ ҷумҳурӣ Давлат Сафар дар навбати худ зимни нишасти матбуотӣ дар робита ба ин масъала чунин изори назар кард: “Сарулибоси аврупоӣ барои фарҳанги мо бегона аст”.

Зимни мусоҳиба ба “Азия-Плюс” худи тоҷирону фурӯшандагони изҳор намуданд, ки ҳоло аз фурӯши ҳиҷобу либосҳои арабӣ даст кашидаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...