Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик

Asia-Plus

Қариб 48-сола, соҳиби ҳадди ақал 3 фарзанд, донандаи на кам аз ду забони хориҷӣ, соҳиби маълумоти олӣ ва шояд унвони илмӣ. Аммо ӯ як чеҳраи сиёсии соҳибвазн ва таъсиргузор дар фазои сиёсӣ кишвар нест. Ин симои вакили даъвати ҳафтуми парлумони Тоҷикистон аст, ки баъди таҳлили маълумоти дастрас тасвир гардид.

Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон) аз 63 вакил иборат аст, ки 22 нафари он тариқи рӯйхати ҳизбӣ ва 41 нафари дигар тавассути ҳавзаҳои якмандатӣ вориди маҷлис шудаанд. Ҳайати парлумони ахир дар интихоботи 2-юми марти соли 2025 ташаккул ёфт.

Дар ин интихобот аз 7 ҳизби сиёсии расман сабтиномшуда, 6 ҳизб вориди рақобат шуданд. Дар ниҳоят 5 аҳзоб вориди парлумон гардид:

ҲХДТ  – 49 курсӣ;

ҲАТ – 7 курсӣ;

ҲИИТ – 5 курсӣ;

ҲДТ – 1 курсӣ;

ҲСТ – 1 курсӣ.

Дар бораи ҳиссаи ҳизбҳои сиёсӣ дар парлумон ва рӯйхати вакилони нав, дар ин пайванд маълумоти пештар пайдо кунед.

Дар ин  матлаб, талош кардем бо истифода аз тарҷумаи ҳоли вакилон (маълумот дар сомонаи парлумони кишвар ва манобеи боз) симои вакили имрӯзаи тоҷикро тасвир кунем.

Бояд гуфт, ҳангоми тасвир маълумот оид ба ҳадди ақал 60 вакил, ки дар сомонаи ин ниҳод ва манобеи боз дарҷ гардидааст, баррасиву таҳлил карда шуд. Мутаассифона, дар бораи 3 вакили нави парлумон дар ҳеҷ куҷо маълумоти муфассал дастрас нагардид.

 

 

“Пирон”-и парлумон

Аз 63 вакили парлумони Тоҷикистон ҳадди ақал 24 вакил дубора вориди он мешавад. Баъзеи дигар, аз ҷумла Рустам Латифзода, роҳбари ҲАТ маротибаи сеюм ба парлумон роҳ меёбад.

 

Занҳо зиёд мешаванд

Дар даъвати нави парлумон теъдоди занҳо низ зиёд шудааст. Аз 63 вакили тоҷик 18 зан аст, ки ин қариб 29% теъдоди умумии вакилонро ташкил мекунад.

Дар даъвати пешини парлумони кишвар 47 вакили мард ва 16 вакили зан фаъолият доштанд.

 

Қариб 48- сола, оиладор ва соҳиби ҳадди ақал се фарзанд

Синни миёнаи вакили парлумони Тоҷикистон 48 сол будааст. Ҷавонтарин вакили парлумони кунунӣ 34 сол дорад ва солмандтарини онҳо 65-сола аст.

Ҳарчанд чунин менамояд, ки вакилони ин даъват нисбатан ҷавонтаранд, вале тибқи иттилои манобеи алоҳида синни миёнаи вакили парлумони пешин 40 сола будааст. Ҳадди ақал ду вакили пешини парлумон ҳам таъкид карданд, ки вакили кунунӣ калонсолтар аз вакили даъвати пешин аст.

Ба истиснои як нафар кулли вакилони парлумон гуфтаанд, оиладоранд.

38 вакили тоҷик дар бораи теъдоди фарзандони худ маълумот пешниҳод кардаанд. Бар асоси таҳлили маълумоти ироакардаи онҳо, вакили даъвати охири парлумони Тоҷикистон ҳадди ақал 3 фарзанд доштааст.

Ду вакили тоҷик серфарзандтарин ҳисоб мераванд: ҳар кадоме аз онҳо соҳиби 6 фарзанд будаанд.

 

Ҳуқуқшиносу муҳандис ва иқтисоддон

Дар парлумони Тоҷикистон бештар аз ҳама ҳуқуқшинос (15 вакил), муҳандис (11 вакил) ва иқтисоддон (9 вакил) ворид шудааст. Онҳо дар умум бештар аз ними ҳайати парлумони ҷадидро ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин, ба парлумони кишвар 6 омӯзгор, 5 забоншинос, 3 рӯзноманигору 3 агроном, 2 мутахассиси равобити байналмилалии иқтисодӣ, 2 шарқшинос, 2 мутахассиси бахши молия ва қарз, 1 табиб ва 1 биолог шомил шудаанд.

Ҳудуди 30% вакилони тоҷик соҳиби маълумоти дуюм будаанд. 7 вакили дорои маълумоти дуюм дар бахши идоракунии давлатӣ, 4 вакил ҳуқуқшиносӣ, 4 вакил иқтисодшиносӣ, 2 вакил шарқшиносӣ, 1 вакил сиёсатшиносӣ ва 1 вакили дигар муҳандисӣ доштаанд.

 

Унвони илмӣ ва рутба

Қариб ними вакилони тоҷик соҳиби дараҷаи илмӣ будаанд. Аз 59 вакили тоҷик, ки дар бораи дараҷаи илмии худ маълумот додаанд. 9 нафари онҳо доктор, 16 нафар номзади илм, 2 нафар доктор PhD ва 1 нафар унвонҷӯ будаанд.

Як вакили парлумон рутбаи ҳарбии генерал-майори милитсия, 1 нафар мушовири давлатии адлия дараҷаи 2 ва 3 нафар мушовири хидмати давлатӣ (мутаносибан дараҷаҳои 1,2,3) доштаанд.

 

Забондонҳо

Ҳамаи вакилони парлумон гуфтаанд, ҳадди ақал 1 забони хориҷӣ, яъне русиро медонанд. Ҳудуди 50 дарсад, яъне беш аз 30 вакил гуфтаанд, забони англисиро низ медонанд ва ё бо истифода аз луғат мефаҳманд.

Ҳадди ақал 5 вакили парлумон зикр кардаанд, ки забони ӯзбекиро низ медонанд.

3 вакили тоҷик забони арабиро низ медонистаанд.

Ҳамчунин, 1 вакил забони фаронсавӣ, 1 вакил забони хитойӣ ва 1 вакили дигар забони олмониро медонистаанд.

 

"Даҳони баста – сад танга?"

Таҳлили маълумот оид ба вакилони даъвати ахири парлумони Тоҷикистон симои шахси муваффақ дар зиндагӣ ва сиёсат, як вакили пурэнерҷӣ, дорои маълумоти олӣ (эҳтимол соҳиби ду маълумоти олӣ), донандаи ҳадди ақал як (эҳтимол ду ё се) забони хориҷӣ, эҳтимол дорад номзади илм ё доктор бошад, соҳиби оила ва чанд фарзандро тасвир намуд. Симои нафаре, ки аксар сокинони кишвар ба ӯ бо ҳавас менигаранд.

Аммо сарфи назар аз ин, андешаҳои таҳлилгарону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбати вакили парлумони Тоҷикистон то андозае хоксорона ва воқеъбинона аст. Ба қавли яке аз таҳлилгарони тоҷик, ки бидуни зикри ном суҳбат карданро афзал донист, “вакили тоҷик як чеҳра ё шахсияти матраҳ дар ҷомеа ва фазои сиёсии кишвар нест. Таъсири ӯ дар тасмимгириҳои сиёсӣ ҳам камранг ва ҳатто беранг аст”.

 

Ба бовари ӯ, чанд чеҳраи шинохтаи сиёсати кишвар дар даъвати нави парлумон, мисли вазири пешини адлия ва раиси пешини Додгоҳи олӣ низ наметавонанд ин фазои солҳо ташаккулёфтаро тағйир диҳанд.

“Ҳатто раиси парлумони нав то интихоб шудан ба ин маснад, як нафари камшинохта дар ҷомеа ва сиёсат буд”, – гуфт ӯ.

Бояд зикр кард, ки дар гузашта парлумони Тоҷикистон ва вакили он ҳамеша мавриди интиқоди на танҳо расонаҳо, балки ҷомеа қарор дошт: барои сукут ихтиёр кардан дар аксар масоили мубрами ҷомеа! То ин замон маснади вакили парлумон – мақоме боиси орзу ва барои рушди ояндаи сиёсӣ, вале бо қоидаи нонавишта буд: “Даҳони баста – сад танга”. Риояи ин қоида дар тамдиди сабтиноми оянда дар ин мақом ва рушди сиёсӣ басо муҳим дониста мешуд.

Вале ҳамакнун, вакилони даъвати нави парлумон то куҷо ин қоидаро риоя мекунанд ё мешикананд, номаълум аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...