Эмомалӣ Раҳмон бори дигар “дуздии барқ”-ро ташвишовар хонда, аз таъини ҷазо барои ин кирдор ёдовар шуд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори дигар талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар кишварро ташвишовар хонда, гуфтааст, ки бояд ҳама бидонанд, ки минбаъд барои “дузди”-и нерӯи барқ ва напардохтани маблағи он то 10 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Ӯ ин нуктаро имрӯз, 25-уми апрел зимни машварати корӣ бо масъулини ниҳодҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар бахши энергетика баён дошт.

Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси ҷумҳур, дар ҷаласа аз ҷумла, “тадбирҳо дар самти паст кардани талафоти нерӯи барқ” баррасӣ шуда, роҳбари давлат гуфтааст, ки маҳз барои назорати баҳисобгириву истифодаи нерӯи барқ Оҷонсии назорати энергетика таъсис ёфтааст.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар оид ба истифодаи ғайриқонунии барқ ҳисобот дода, аз ҷумла гуфтаанд, ки “барои муайян ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани вайронкунандагони тартиботи нави муқарраргардида санҷишҳои дахлдор васеъ ба роҳ монда шудааст”.

Раисҷумҳур масъулинро вазифадор кардааст, ки муайян шудани ҷазо барои “дуздӣ”-и барқро “ба ҳар як оилаи кишвар фаҳмонанд”.

“…ҳама бояд хуб донанд, ки минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарӣ пурзур карда шудааст, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ то маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол муқаррар гардидааст”,- гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин, зикр шудааст, ки тайи чанд соли охир, барои паст намудани талафоти неруи барқ 3 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи боз 3 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ идома дорад.

Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, ҳоло татбиқи 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти энергетика ба маблағи умумии 1 миллиарду 653 миллион доллар идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки пешниҳоди ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он дар пайи нигаронии Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумати кишвар “аз истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он”, муқаррар карда шуд. 

Тарҳи мазкурро рӯзи 2-юми апрел вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карданд ва рӯзи 11-уми апрел вакилони Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба тасвид расониданд. Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари чанд лоиҳаи қонуни дигар, тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро дар ин бора имзо кард.

Бар пояи ин тарҳи қонун касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...