Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд

Дар Тоҷикистон мавсими саёҳати дохилӣ оғоз гардид ва рӯзноманигорону блогерон дар 10 хатсайр ба боздиди маконҳои фарҳангӣ, сайёҳӣ ва таърихии кишвар бароманданд. Рӯзи шанбеи 26-уми апрел дар майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе маросими оғози мавсими саёҳати дохилӣ барпо гардид. Дар ин чорабинӣ рӯзноманигорону блогерон барои иштирок дар 10 хатсайри саёҳатӣ ба самтҳои мухталифи Тоҷикистон ҷалб шуданд. […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон мавсими саёҳати дохилӣ оғоз гардид ва рӯзноманигорону блогерон дар 10 хатсайр ба боздиди маконҳои фарҳангӣ, сайёҳӣ ва таърихии кишвар бароманданд.

Рӯзи шанбеи 26-уми апрел дар майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе маросими оғози мавсими саёҳати дохилӣ барпо гардид. Дар ин чорабинӣ рӯзноманигорону блогерон барои иштирок дар 10 хатсайри саёҳатӣ ба самтҳои мухталифи Тоҷикистон ҷалб шуданд.

Ин ташаббус аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ба таъкиди ин ниҳод, бо мақсади татбиқи супоришҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.

Дар маросими ифтитоҳӣ, Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, таъкид намуд, ин иқдом на танҳо барои шиносоии васеъ бо мероси ғании таърихию фарҳангии Тоҷикистон мусоидат мекунад, балки таваҷҷӯҳи сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ҷалб менамояд.

Ба қавли раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, шиносоии бештар бо мероси таърихию фарҳангии кишвар ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз таърихи ғании мардуми тоҷикро дар байни шаҳрвандон тақвият мебахшад.

 

10 хатсайри гуногун

Дар доираи ин барнома, 10 хатсайри саёҳатӣ барои муаррифии мавзеъҳои дидании кишвар пешниҳод шудаанд:

Душанбе – Панҷакент (Артуч) – Душанбе: Ин хатсайр ба яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни тоҷикон – Панҷакент ва минтақаи кӯҳистонии Артуч, ки бо чашмаҳо ва манзараҳои зебои табиӣ машҳур аст, равона гардид.

 

Душанбе – Панҷакент (Искандаркӯл) – Душанбе: Дар ин масир, сайёҳон имкони боздид аз кӯли афсонавии Искандаркӯлро доштанд, ки бо зебоии нотакрораш дар байни дигар мавзеъҳои сайёҳии кишвар мавқеи хоса дорад.

 

Душанбе – Хуҷанд – Душанбе: Сафар ба маркази вилояти Суғд – шаҳри бостонии Хуҷанд, ки таърихи беш аз 2500-сола дорад ва бо ёдгориҳои таърихию фарҳангии худ машҳур аст.

 

Душанбе – Ҳисор – Душанбе: Ин хатсайр боздид аз қалъаи таърихии Ҳисорро дар бар мегирад, ки яке аз ёдгориҳои нодиртарини меъмории Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Душанбе – Файзобод – Роғун – Душанбе: Сайёҳон имкони шиносоӣ бо ноҳияи Файзобод ва Роғун, аз ҷумла боздид аз Нерӯгоҳи барқи обии Роғун – бузургтарин иншооти барқи обии минтақаро пайдо карданд.

 

Душанбе – Бохтар – Леваканд – НБО Сарбанд – Вахш (Аҷинатеппа) – Ҷ.Балхӣ – Дӯстӣ (Оромгоҳи Зайналобуддин) – Носири Хусрав (Чилучорчашма) – Душанбе: Ин масири тӯлонӣ имкони боздид аз якчанд мавзеъҳои таърихию фарҳангии ҷануби кишвар, аз ҷумла харобаҳои дайри буддоии Аҷинатеппа ва чашмаи Чилучорчашмаро фароҳам овард.

 

Душанбе – Норак – Данғара – Темурмалик – Балҷувон – Ховалинг – Муъминобод – Кӯлоб – Восеъ – Душанбе: Хатсайри мазкур фарогири маҷмӯи бузурги мавзеъҳои сайёҳии минтақаи Кӯлоб буда, аз ҷумла боздид аз шаҳри бостонии Кӯлоб ва маконҳои таърихии атрофи онро дар бар мегирад.

 

Душанбе – Ваҳдат (Ромит) – Душанбе: Боздид аз водии зебоманзари Ромит, ки бо табиати нотакрор ва гуногунии олами набототу ҳайвоноташ машҳур аст.

Душанбе – Шаҳринав (Темурдара) – Душанбе: Ин масир ба ноҳияи Шаҳринав ва водии зебоманзари Темурдара равона гардид, ки бо чашмаҳои шифобахш ва манзараҳои кӯҳистонӣ шӯҳрат дорад.

Душанбе – Норак – Данғара – Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин – Дарвоз – Душанбе: Саёҳат ба яке аз минтақаҳои кӯҳистонии Бадахшон – ноҳияи Дарвоз, ки бо кӯҳҳои баланд, дарёҳои пуртуғён ва фарҳанги қадимаи мардумаш маъруф аст.

 

Интизор меравад, ки ин ташаббус таъсири муҳим дар рушди сайёҳии дохилии Тоҷикистон гузорад.

Ба гуфтаи коршиносони соҳа, чунин ташаббусҳо дар радифи дигар барномаҳои давлатӣ оид ба рушди сайёҳӣ, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ҳам заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.