Дар Душанбе ба мардуми Эрон ҳамдардӣ баён карданд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 30-юми апрел дар Сафорати Эрон дар Душанбе дар робита ба таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”-и шаҳри Бандар Аббоси Эрон, ки боиси куштаву захмӣ шудани даҳҳо шаҳрванди ин кишвар шуд, дафтари ёдбуд боз гардид. 

Дар маросими мазкур вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин омада, дар дафтари ёддошт аз номи кишвар арзи таслият баён кард.

Ӯ дар паёмаш ба ҳукумат ва мардуми Эрон, ба вижа ба хонавода ва наздикони фавтидагон ҳамдардӣ изҳор дошта, ба онҳо сабри ҷамил ва ба захмиёни ин таркиш шифои оҷилу комил орзу намуд.

Дар ин баробар, намояндагони илму адабу фарҳанги тоҷик барои изҳори ҳамдардӣ ба Сафорати Эрон дар Душанбе омаданд. Аз ҷумла, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон Кароматулло Олимов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдулмумин Шарифӣ, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзноманигорон ва дигар чеҳраҳои шинохта дар дафтари ёдбуд изҳори ҳамдардӣ навиштанд.

Сафирони кишварҳои гуногуне чун Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Беларус, Ҳиндустон, Ҷопон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Русия, Фаластин ҳам дар ба мардуми Эрон ва пайвандони ҷонбохтагон арзи таслият баён карданд.

Бояд гуфт, ки ин маросим то 16:00 давом мекунад.

Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар робита ба ин инфиҷори шадид ба раиси ҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуда буд.

Ёдовар мешавем, ки дар инфиҷор дар шаҳри Бандар Аббос, ки рӯзи 26-уми апрел рух дод, тибқи маълумот охирин, 70 кас ҷон бохта беш аз 1200 нафар осеб бардоштаанд. Хисороти молии ин ҳодиса то ҳол эълон нашудааст. Бархе ҷузъиёти ин ҳодисаро дар ин хабари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...