Идомаи тағйироти кадрии имрӯза. Таъини муовинони нави вазири меҳнат ва мансаби чанд нафари дигар

Date:

Имрӯз, 2-юми май дар идомаи тағйироти кадрӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо имзои чанд қарор, муовинони вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро таъйин кард. Курсии ду муовини вазир ду соли охир холӣ буд.

Рӯзи 5-уми январи соли 2023 Ширин Амонзода аз курсии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барканор шуд ва ҳамон рӯз Абдуғаффор Раҳмонзода аз вазифаи муовини якум ва Нурулло Маҳмадуллозода аз вазифаи муовини вазир озод карда шуданд. Аз ҳамон замон ин ду курсӣ холӣ буд.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии президент, Шаҳноза Нодирӣ, ки аз июни соли 2020 муовини вазир буду бахши муҳоҷиратро пеш мебурд, имрӯз, 2-юми май “бо сабаби гузаштан ба кори дигар” аз ин курсӣ озод шуд ва то кунун вазифаи наваш маълум нест.

Ба ҷои ӯ ва ду курсии холибудаи ҷонишинҳои вазир, Насимҷон Каримзода, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Шариф Норзода ва Абдураҳмон Ашурализода, муовинони дигари вазири меҳнат таъин шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Насимҷон Каримзода ва Абдураҳмон Ашурализода

Насимҷон Каримзода аз ин пештар мудири шуъбаи назорати Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе буд ва Абдураҳмон Ашурализода то кунун вазифаи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолиро ба дӯш дошт. Дар бораи собиқаи кории Шариф Норзода маълумот дастрас нест.

Ҳамчунин, акнун курсии директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ холӣ аст.

 

Боз кӣ чӣ вазифа гирифт?

Ҳамчунин бо фармони президент, Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамро аз вазифаи муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовар озод шуда, ба нафақа гусел карда шуд. Ӯ аз моҳи майи соли 2024 дар ин вазифа фаъолият мекард. Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамро бародари вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон аст.

Инчунин, имрӯз бо қарори ҳукумат Ҳамрохон Дӯстзода, директори “Маркази миллии тарҷума”-и назди Кумитаи забон ва истилоҳот таъин шуд. Ин муассиса як соли пеш таъсис шуда буд, вале маълум нест, ки то ҳоло кӣ дар ин курсӣ менишаст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳамрохон Дӯстзода

Ба курсии роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” Ҷамшед Собирзода такя зад ва Амрулло Раҳмонзода аз ин вазифа озод шуд.

Сураҷ Тоҳирҷонзода аз вазифаи роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” барканор ва Илол Некқадамзода ба ин курсӣ таъйин шуд.

Инчунин, Акрам Каримӣ, сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамзамон сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Тунис таъин гардид.

Боз кӣ аз вазифа озод шуд ва кӣ мансаби нав гирифт? Дар ин хабари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...