Як муовини раиси ВМКБ ва ҷонишинҳои раиси чанд шаҳру навоҳӣ нав шудаанд

Date:

Дар чанд рӯзи охир, як ҷонишини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва муовинони раиси чанд шаҳру навоҳоии вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ иваз шуданд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси ВМКБ, Абдулназарзода Абдулназар “бо сабаби гузаштан ба кори дигар” аз мансаби муовини раиси ВМКБ озод ва Фурқати Ҳукумат ба курсии ӯ такя задааст.

Ӯ бо розигии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон муовин раиси вилоят таъин шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки Абдулназарзода ба кадом вазифа таъйин шудааст.

Дар бораи Фурқати Ҳукумат ҳам маълумоти зиёд дастрас нест, ки қаблан дар куҷо кор мекард ва чӣ таҷрибаи сиёсӣ дорад.

Ҳамчунин, ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, рӯзи 28-уми апрел, чанд муовини раисони навоҳии вилояти Хатлон иваз шуданд. Аз ҷумла, Қурбониён Айюб, муовини якуми раиси ноҳияи Восеъ, Ризозода Дилшод, муовини якуми раиси ноҳияи Хуросон, Гуреззода Давлат, муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ ва Юсуфзода Нурмуҳаммад , муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав таъин шудаанд. Онҳо низ дар мувофиқа бо раисҷумҳури ба ин мансаб таъин шудаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муовинони нави раисони навоҳии Хатлон

Аз ин пештар, аввали моҳи апрел Насиба Фароғатзода муовини раиси шаҳри Норак таъйин шуда буд.

Инчунин, дар чанд рӯзи охир, муовини раиси ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва муовини раиси шаҳри Турсунзода низ иваз шудаанд. Фарҳод Мукаррамзода, муовини раиси ноҳияи Айнӣ ва Сайдамин Остоназода, муовини раиси шаҳри Турсунзода таъйин шудаанд.

Бояд гуфт, ки маъмулан аввали ҳар соли нав дар Тоҷикистон тағйироти кадрии густурда мешавад ва пасон муовинону ноибон ҳам иваз мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ бо фармони раиси ҷумҳур ва муовинони раисони вилоятҳову шаҳру ноҳияҳо бо ризоияти сарвари давлат ба вазифа таъйин мегарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...