Теъдоди амалиёт тариқи ҳамёнҳои электронӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи 846,8 млн сомонӣ (беш аз 81 млн доллар) зиёда аз 5,4 млн амалиёти ғайринақдӣ анҷом дода шудааст. Дар ин бора шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад. Гуфта мешавад, шумори чунин амалиёт дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 28% ва маблағи онҳо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи 846,8 млн сомонӣ (беш аз 81 млн доллар) зиёда аз 5,4 млн амалиёти ғайринақдӣ анҷом дода шудааст. Дар ин бора шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, шумори чунин амалиёт дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 28% ва маблағи онҳо – 50,3% зиёд шудааст.

Дар Бонки миллӣ таъкид мекунанд, ки тайи 4 соли ахир теъдоди амалиёт тариқи ҳамёнҳои электронӣ ба андозаи 73% – аз 10,7 млн сомонӣ дар соли 2020 то 18,5 млн сомонӣ дар соли 2024 афзудааст.

Маблағи ин амалиёт дар ин давра қариб 5,5 баробар – аз 543 млн сомонӣ дар соли 2020 то 2 млрд 967 млн сомонӣ дар соли 2024 зиёд шудааст.

Бино ба маълумоти БМТ, шумори умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзӣ то охири моҳи марти соли ҷорӣ ҳудуди 12,7 млн ададро ташкил додааст, ки 32,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.