Директори Фурудгоҳи байналмилалӣ бо муовинонаш аз мансаб барканор шуданд. Боз кӣ аз вазифа озод ва мансаби нав гирифт?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни як тағйироти кадрӣ дар сохторҳои давлатӣ, Исматулло Абдуллозода, директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо бо муовинонаш аз вазифа озод кард. Сабаби барканории онҳо "ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон" зимни санҷиши молиявӣ гуфта мешавад. Ба ҷои Абдуллозода директори нави фурудугоҳ, Зайнулло Шарифзода таъин шуд. Шарифзода то ин дам директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни як тағйироти кадрӣ дар сохторҳои давлатӣ, Исматулло Абдуллозода, директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо бо муовинонаш аз вазифа озод кард. Сабаби барканории онҳо "ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон" зимни санҷиши молиявӣ гуфта мешавад.

Ба ҷои Абдуллозода директори нави фурудугоҳ, Зайнулло Шарифзода таъин шуд. Шарифзода то ин дам директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистон кор мекард.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон менависад, ки бо қарорҳои алоҳидаи президент, Раҳмон Исломиддин, ки то ин дам сардори Хадамоти зиддиинҳисории кишвар буд, аз вазифа озод ва ба ҷои Темурҷон Абдулваҳобзода, ки чанде пештар вафот кард, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо (Тоҷикстандарт) таъин шудааст. Ба курсии роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ Ҳайдаралӣ Раҷабзода такя зад.

Ҳамчунин, бо фармони раисҷумҳур, Сорбон Холмуҳамадзода, директори Агентии навтаъсиси назорати давлатии энергетикии назди президенти Тоҷикистон таъин гардид.

Бо фармонҳои дигари президент, нафарони зерин ба мансаб таъин шуданд:

– Муҳиддин Каримзода, фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон;

–  Саломатшо Мирзозода, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ;

Далер Муродализода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҳамчунин, бо қарори президент нафарони зерин ба вазифа таъин шуданд:

Иноятулло Абдурраҳмонзода, муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ;

–  Насимҷон Каримзода, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;

Шариф Норзода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;

Абдураҳмон Ашурализода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;

Зоҳир Олимзода, муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радио;

Усмоналӣ Қурбонзода, муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа;

Бобоҷон Сатторзода, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.

Ҳамчунин, роҳбарони “Маркази миллии тарҷума”-и назди Кумитаи забон ва истилоҳот ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Ишкошим” ва “Данғара” иваз карда шуданд.

“Дар мувофиқа бо  президенти Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ ва фармондеҳӣ дар сохторҳои Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ кадрҳои ҷавону варзидаи соҳибтахассуси ин соҳаҳо таъин гардиданд”, – навиштааст хадамоти матбуотӣ.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навтаъинро ба ҳузур пазируфта, ба кадрҳои дар бахшҳои мудофиа ва ҳифзи сарҳади давлатӣ таъиншуда “пеш аз ҳама, ба пурзӯр намудани назорати интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии доимии ҷангии ҷузъу томҳои низомӣ, аз худ намудани забонҳои байналмилалӣ ва техникаю технологияи муосири ҳарбӣ ва бахусус ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон” ҳидоят намудааст.

Таъкид гардидааст, ки ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, ба хусус дар мақомоти назоратӣ, ба савияи донишу маҳорат, касбият ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.