Як муовини раиси ВМКБ ва ҷонишинҳои раиси чанд шаҳру навоҳӣ нав шудаанд

Дар чанд рӯзи охир, як ҷонишини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва муовинони раиси чанд шаҳру навоҳоии вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ иваз шуданд. Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси ВМКБ, Абдулназарзода Абдулназар “бо сабаби гузаштан ба кори дигар” аз мансаби муовини раиси ВМКБ озод ва Фурқати Ҳукумат ба курсии ӯ такя задааст. Ӯ […]

Asia-Plus

Дар чанд рӯзи охир, як ҷонишини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва муовинони раиси чанд шаҳру навоҳоии вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ иваз шуданд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси ВМКБ, Абдулназарзода Абдулназар “бо сабаби гузаштан ба кори дигар” аз мансаби муовини раиси ВМКБ озод ва Фурқати Ҳукумат ба курсии ӯ такя задааст.

Ӯ бо розигии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон муовин раиси вилоят таъин шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки Абдулназарзода ба кадом вазифа таъйин шудааст.

Дар бораи Фурқати Ҳукумат ҳам маълумоти зиёд дастрас нест, ки қаблан дар куҷо кор мекард ва чӣ таҷрибаи сиёсӣ дорад.

Ҳамчунин, ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, рӯзи 28-уми апрел, чанд муовини раисони навоҳии вилояти Хатлон иваз шуданд. Аз ҷумла, Қурбониён Айюб, муовини якуми раиси ноҳияи Восеъ, Ризозода Дилшод, муовини якуми раиси ноҳияи Хуросон, Гуреззода Давлат, муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ ва Юсуфзода Нурмуҳаммад , муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав таъин шудаанд. Онҳо низ дар мувофиқа бо раисҷумҳури ба ин мансаб таъин шудаанд.

Аз ин пештар, аввали моҳи апрел Насиба Фароғатзода муовини раиси шаҳри Норак таъйин шуда буд.

Инчунин, дар чанд рӯзи охир, муовини раиси ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва муовини раиси шаҳри Турсунзода низ иваз шудаанд. Фарҳод Мукаррамзода, муовини раиси ноҳияи Айнӣ ва Сайдамин Остоназода, муовини раиси шаҳри Турсунзода таъйин шудаанд.

Бояд гуфт, ки маъмулан аввали ҳар соли нав дар Тоҷикистон тағйироти кадрии густурда мешавад ва пасон муовинону ноибон ҳам иваз мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ бо фармони раиси ҷумҳур ва муовинони раисони вилоятҳову шаҳру ноҳияҳо бо ризоияти сарвари давлат ба вазифа таъйин мегарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.