Чаро табақаи миёна дар минтақаҳо ҳисоб карда намешавад?

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Мақомот мегӯянд, ҳоло 42% аҳолии Тоҷикистон ба табақа ё синфи миёна дохил мешаванд. Инҳо афроде, ки даромади устувори молиявӣ доранд, соҳиби хонаву мошинанд ва ҳамасола ба истироҳат мераванду маблағеро ҳам пасандоз мекунанд. Ин омор дар сатҳи кишвар аст. Вале ин омор дар сатҳи минтақаҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон дастрас нест.

Умед Холов, намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар дар як ҳамоиш хабар дод, ки айни ҳол (аз рӯи ҳисоби соли 2023) 42% аҳолии Тоҷикистон ба табақаи миёнаи аҳолӣ дохил мешавад. Ба гуфти ӯ, аз соли 2021 то 2023 рушди табақаи миёнаи аҳоли то 10% баланд шудааст. Яъне аз 30% соли  то 42% расидааст. Ба таъкиди вай, афзоиши бештар дар шаҳрҳо, хусусан дар Душанбе дида шуда, аз 36% то 54% афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби афзоиши синфи миёна дар кишвар, афзоиши шуғл, дастрасӣ ба таҳсилот ва рушди соҳибкорӣ мебошад.

Вале ӯ дар бораи синфи миёна дар минтақаҳо иттилоъ надод ва гуфт, ки “вазорат чунин омореро пеш намебарад”.

Аз ин рӯ, бо истифода аз омори сатҳи камбизоатӣ ва назари мақомоти маҳаллӣ ва коршиносон кӯшиш кардем, ки вазъи синфи миёна дар вилоятро таҳлил кунем.

Гуфтан ба маврид аст, ки сатҳи камбизоатӣ бо афзоиши синфи миёна сахт пайванд аст. Яъне бо кам шудани камбизоатӣ табақаи миёнаи аҳолӣ меафзояд. Ҳадафи ҳукумати кишвар ҳам коҳиши камбизоатӣ ва афзоиши табақаи миёна дар кишвар аст. Ин нукта дар ҳуҷҷати муҳими стратегии кишвар, аз ҷумла “Статегияи милии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барҷаста зикр шудааст.

 

Табақаи миёна чист ва чаро он дар минтақаҳо ҳисоб карда намешавад?

Шеваи муайян кардани синфи миёна дар давлатҳо ва созмонҳову пажӯҳишгоҳҳо тафовут дорад, аммо муҳимтарин ҷанбаҳое, ки ҳангоми таҳқиқ ба назар гирифта мешавад, ин сатҳи даромад, ҳаҷми пасандоз, амволи ғайриманқул, сатҳи таҳсилот, мавқеи тахассусии касбӣ, вазифаи корӣ, нақш дар ҷомеа, тарзи мутобиқшавӣ ба шароити мавҷудаи иқтисодӣ ва ангезаи рушд мебошад.

Уктам Ҷумаев, коршиноси тоҷик гуфт, барои дақиқ муайян кардани сатҳи табақаи миёнаи аҳолӣ дар ҳар минтақа ё кишвар методологияҳои гуногун истифода мешавад.

Вале истифодаи ин методолгияҳо дар Тоҷикистон мушкил аст, зеро маълумоти омории кофӣ мавҷуд нест. Рақамҳои дақиқ вобаста ба даромаднокӣ, хароҷоти оилаҳо ва дороии онҳо вуҷуд надорад.

“Аз ин ҳисоб дурусту дақиқ ҳисоб кардани он мушкилтар аст. Ба ҳамин хотир ҳангоми таҳқиқу таҳлил аз ҳисоби сабати истеъмолӣ, ки онро Агентии омори Тоҷикистон ҳисоб мекунад, истифода мекунанд. Вале ин чиз низ дар Тоҷикистон нест”, – гуфт ин коршиноси тоҷик.

Дар ҳамин ҳол, Умед Холов мегӯяд, мувофиқи метадалогияи қаблӣ (соли 2017) нафаре, ки дар як рӯз 29,54 сомонӣ барои хурок сарф кунад, яъне ду баробари шахси камбизоат,  манзил, мошин ва пасандоз дошта бошад, ба табақаи миёнаи аҳолӣ дохил мешавад.

Фарида Муминова иқтисоддони тоҷик мегӯяд дар доираи Стратегияи миллии рушд то соли 2030 дар назараст, ки ҳиссаи табақи миёнаи аҳолӣ то 50% расонида шавад.

Ба гуфти ин коршиноси тоҷик, барои расидан ба ин ҳадаф бояд даромади аҳоли афзоиш дода шавад.

“Ба ислоҳот дар иқтисодиёт ва тақвияти фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ идома дод, ки дар нихояти кор бояд боиси афзоиши ҷойҳои корӣ бо сатҳи даромаде, ки барои нигоҳ доштани сатҳи мувофиқи стандартҳои табақаи миёна муҳиманд, мегарданд”, -гуфт Муминова.   

Уктам Ҷумаев мегӯяд, ки  барои рушди табақаи  миёнаи аҳолӣ давлат  бештар ба дастгирии соҳибкории хурду миёна бояд диққат диҳад.

Аз ҷумла ба гуфтаи вай, барои ин табақа қарзҳои имтиёзноку грантҳои бебозгашт ҷудо кунад, ҷойҳои кории расмии доимӣ бо маоши хуб таъсис диҳад.

“Дар баробари ин ба раванди сифати таълим дар муассисаҳо ва омӯзиши касбҳои фоиданок чӣ касбҳои миёнаи техникӣ ва чӣ баланд ихтисос диққати ҷиддӣ бояд дод”, – зикр кард номбурда.

Умед Холов ҳам барои рушди синфи миёна зарурати тадбирҳои роҳбурдӣ ва фаъолияти занҷиравиро муҳим меҳисобад.

Ӯ мегӯяд, пеш аз ҳама барои дуруст муайян кардани теъдоди синфи миёна пойгоҳи ҷамъварии иттилоъ ва коркарди он таъсис дода шавад. Зеро, ба қавли ӯ, маълумоти дақиқ метавонад воқеиятро нишон диҳад ва бо такя ба маълумоти воқеӣ метавон нақшаи минбаъда кашид.

“Дар баробари ин, бояд вобастагӣ аз муҳоҷират ва маблағи он коҳиш дода шавад, дар кишвар ҷойи кори муносиб фароҳам оварда шавад, низоми таълим дар кишвар ва омода намудани мутахассисон такмил дода шавад, фасод дар идораи давлатӣ маҳв ва ҳуқуқи шаҳрвандон ба молият ба таври сареъ ҳимоя гардад”, – мегӯяд Умед Холов.

 

Вазъ дар Хатлон чӣ гуна аст?

Тибқи омори расмӣ, 2015-2022 сатҳи камбизоатӣ дар вилояти Хатлон ҳудуди 36%-ро ташкил медиҳад, ки ин дар дигар қиёс ба шаҳри Душанбе ё вилояти Суғд баландтар аст. Масалан соли 2015 сатҳи камбизоатӣ дар вилояти Хатлон 37,7% ташкил медод, ки ин дар шаҳри Душанбе 19,9 ва дар вилояти Суғд 23,1% буд.

Коршиносон сабаби баланд будани сатҳи камбизоатӣ дар вилояти Хатлонро сатҳи баланд бекорӣ арзёбӣ мекунанд.

Ҳарчанд, ҳамасола дар вилоят ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, чӣ дар бахши хусусӣ ва чӣ дар бахши давлатӣ таъсис дода мешавад, вале мушкили бекорӣ боқӣ мемонад ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ ҳамоно дар қиёс ба дигар минтақаҳо камтар ба назар мерасад.

Тибқи маълумоти Раёсати Оҷонсии омори Тоҷикистон дар вилоят ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 каму беш 500 ҳазор аҳолии вилоят бо ҷои кори расмӣ таъмин мебошанд. Дар ҳоле, ки шумораи аҳолии вилоят 3 миллиону 785,4 ҳазорро ташкил медиҳад.

Дар се соли охир солона аз 65 ҳазор то 75 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда аст.

Музди миёна дар вилоят дар се соли охир аз 1 ҳазору 303 сомонӣ то ба 1 ҳазору 823 сомонӣ баланд бардошта шудааст.

Низомиддин Комилизода, иқтисодшиноси маҳаллӣ бар ин назар аст, ки қисми зиёди аҳолии вилояти Хатлонро табақаи миёнаи аҳолӣ ташкил медиҳад ва онҳо дар як моҳ ба ҳисоби миёна 2-2,5 ҳазор сомонӣ моаш мегиранд. Даромадии асосии онҳо аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

“Барои рушди ин табақа бояд аз ҳисоби давлат кумакҳои иҷтимоӣ, субсидияҳо ва имтиёзҳои давлатӣ  дода шавад. Ҳамзамон, барои рушди ин табақа дар вилоят ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ба роҳ монда шаванд ва ҷойҳои кории арзанда ташкил карда шавад”-гуфт ин коршинос.

 

Аҳамияти зиёдшавии табақаи миёнаи аҳолӣ

Коршиносон бар он назаранд, ки зиёд шудани табақаи миёнаи аҳолӣ ин ба рушди иқтисод, баланд гардидани сифати истеҳсолот, суботи иқтисодию иҷтимоии давлат замина мегузорад.

Фарида Муминова мегӯяд табақаи фаъоли миёнаи аҳолӣ ин нафароне мебошанд, ки дорои сармояанд, талаботи онҳо ба маҳсулоти босифат, хизматрасонии босифат зиёд мешавад.

“Ин талаботи синфи миёна истеҳсолкунандагон ва ширкатҳои хизматрасонро водор мекунад, ки ба истеҳсоли молу маҳсулоти босифат машғул шаванд. Ҳамчунин ширкатҳои хизматрасон маҷбур мешаванд сатҳу сифати хизматрасониро баланд бардоранд”, – хулоса крад ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...