Чӣ гуна дар “Wildberries” метавон сабтином кард ва фармоиш дод?

Date:

 

Чанде пеш “Wildberries”, калонтарин нуқтаи колорасони бозори онлайнӣ (маркетплейс)-и Русия, аввалин нуқтаҳои дастрас кардани фармоишҳои худро дар Душанбе ва Хуҷанд боз намуд. Ҳоло сокинони Тоҷикистон метавонанд бевосита аз сомона ё замимаи мобилии ин нуқта, либос, техника, маводи ороишӣ ва дигар молҳоро фармоиш диҳанд.

Дар робита ба ин, бисёре аз корбарон савол медиҳанд, ки чӣ гуна дар платформа сабтином шавем ва молро ба Тоҷикистон фармоиш диҳем? Дар поён дастурамали муфассал оварда мешавад.

Тавре намояндагони ширкат ба "Азия-Плюс" хабар доданд, феълан ягона роҳи пардохт – "Dushanbe City Bank" мебошад.

"Корбарӣ бо дигар бонкҳо идома дорад ва ба наздикӣ роҳҳои дигари пардохт низ дастрас мешаванд", — гуфтанд намояндагони “Wildberries”.

 

Чӣ гуна сабтином шавем?

Барои фармоиш додани мол утоқи шахсӣ лозим аст. Утоқи шахсиро ҳам дар барномаи мобилӣ ва ҳам дар сомонаи www.wildberries.ru кушодан мумкин аст. Барои сабтиномшавӣ, шумо бояд рақами телефон ва PIN-рамзеро, ки ба он фиристода мешавад, ворид намоед.

Сипас, маҳсулоти писандидаатонро интихоб намуда, ба “Корзина” (Сабад) гузаред ва фармоиш диҳед. 

Барои аз Тоҷикистон фармоиш додан, шумо бояд дар “Dushanbe City Bank” ҳисоби фаъол дошта бошед. Яъне, барномаи мобилии “DC Next” бояд дар телефони шумо фаъол ва ба “Wildberries” пайваст карда шавад.

Пас аз он ки молҳоро ба сабад илова кардед ва тугмаи «Оформить заказ» (Фармоиш додан)-ро пахш намудед, системаи “Wildberries” пайваст кардани ҳисоби бонкиро тавассути “DC Bank” талаб мекунад. Пайваст кардани корт танҳо як маротиба анҷом дода мешавад ва якчанд дақиқа вақт мегирад.

 

Чӣ гуна кортро пайваст кунем?

Дар экран равзанаи хурде бо тугмаи "Перейти к привязке" (Пайвасткунӣ) пайдо мешавад, онро пахш кунед.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Шумо ба саҳифаи авторизатсияи “DC Bank” мегузаред.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ин саҳифа шумо бояд:

– Рақами телефони мобилӣ, ки дар DC Bank сабтином шудааст;

– Ду PIN-рамзи ба воситаи SMS фиристодашуда (онҳо одатан бо фосилаи чанд сония меоянд)-ро ворид кунед.

Ҳар ду PIN-рамзро ба сутунҳои муайян ворид карда, амалиётро тасдиқ намоед.

Агар маълумот дуруст ворид карда шавад, корти “DC Bank” ба профили “Wildberries”-и шумо пайваст мешавад ва шумо ба таври худкор ба сомона ё барномаи “Wildberries” бармегардед.

Паёме дар экран пайдо мешавад, ки пайвасткунӣ бомуввафақият анҷом ёфт ва фармоиш ба ҳолати «Дар коркард» мегузарад.

Пас аз ин, шумо метавонед раванди иҷрои фармоишро дар бахши «Фармоишҳои ман» пайгирӣ кунед.

Агар шумо ҳисоби DC Bank ё корт надошта бошед, фармоиш дода наметавонед.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...