Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили ҷашни Ғалаба дар ҶБВ ба Маскав рафт

Asia-Plus

Баъд аз зуҳри имрӯз, 8-уми май Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади ширкат чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ бо як сафари корӣ ба шаҳри Маскав рафт.

Дар ин бора Хадамоти матбуотии президент хабар дода, навиштааст, ки раисҷумҳур бо даъвати Владимир Путин, президенти Русия ба ин кишвар сафар кард.

Манбаъ навиштааст, ки дар ин сафар Эмомалӣ Рамҳмонро ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

“Дар назар аст, ки дар рафти ин сафар Сарвари давлат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар майдони Сурхи шаҳри Москва иштирок хоҳанд кард”, – навиштааст Хадамоти матбуотии президент.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон, сарвазири Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳудуди 100 низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар гузашти (парад)-и ҳарбии 80-солагии Ҷашни Ғалаба, ки 9-уми майи соли 2025 дар Майдони Сурхи Маскав баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Ба сафороии ҷашнӣ бахшида ба 80-солагии ғалаба, гуфта мешавад, ки 19 кишвар, аз ҷумла сарони 7 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шудаанд.

Соли гузашта раҳбари Тоҷикистон бо даъвати Путин дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав ширкат карда буд.

Ёдрас мекунем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд. Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки дар рӯйхати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон 290 собиқадорони ақибгоҳ қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...