Табодули асирон ва талош барои мулоқоти Путину Зеленский. Натиҷаи музокираи Русияву Украина дар Истанбул

Asia-Plus

Музокираи аввалини Русия ва Украина барои сулҳ дар Истанбул бо созиши табодули асирон поён ёфт. Ҳамчунин, ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки барои мулоқоти раисони ҷумҳури ду кишвар – Владимир Путин ва Владимир Зеленский талош менамоянд.

Мулоқоти ва музокироти Русия ва Украина 16 май дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор шуд. Он ҳудуди ду соат идома ёфт.

Баъди анҷоми мулоқот Рустам Умаров, вазири дифои Украина, ки раҳбарии ҳайати кишвараш дар ин музокиротро бар ӯҳда дорад, гуфт, ки тарафҳо дар мавриди мубодилаи асирони ҷангӣ, ба созиш расиданд.

Пеш аз мулоқот, ҷониби Украина зикр карда буд, ки зимни музокирот пеш аз ҳама ба созиши оташбас пофишорӣ мекунад.

Владимир Мединский, мушовири раисҷумҳури Русия ва раиси ҳайати ин кишвар дар ин музокирот, низ аз натиҷаҳои он ибрози ризоят кард ва гуфт, ки Маскав омодаи гуфтугӯ бо Киев аст.

Ӯ ҳам тасдиқ кард, ки Русия ва Украина барои табодули ду ҳазор асири ҷангӣ дар рӯзҳои оянда, ба созиш расиданд.

Ҳамчунин, Мединский афзуд, “тарафи украинӣ хостори гуфтугӯҳои мустақим байни раҳбарони кишварҳо шуд. Мо ин дархостро дар назар мегирем".

Дар ин музокирот созиши оташбас низ баррасӣ гардидааст. Аз ҷумла, Мединский дар ин бора гуфт, ки "мо созиш кардем, ки тарафҳо дидгоҳҳои худ дар бораи оташбаси эҳтимолӣ дар ояндаро ироа кунад".

Дар баробари ин, расонаҳо баъзе ҷузъиёти дигари ин музокиротро низ ироа кардааст. Аз ҷумла, хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як манбааш навишт, ки баъзе хостаҳои ҳайати Русия "рабте ба воқеият надошта, бисёр фаротар аз мавориде аст, ки қаблан мавриди баҳс қарор гирифтааст".

Хабаргузории "Франс-пресс" ба нақл аз як манбаи худ, зикр кард, ки яке аз хостаҳо ин аст, ки "Украина нерӯҳояшро аз бахшҳои васеъе аз хоки худ хориҷ кунад, то оташбас барқарор шавад".

Ба эҳтимоли зиёд ин ишораи ба чаҳор минтақа – Донетск, Луганск, Запороже ва Херсон аст, ки Русия бахше аз онҳоро ишғол кардааст. Украина то ҳол бахшҳое аз ин минтақаҳо, аз ҷумла, марказҳои Запороже ва Херсонро дар ихтиёр дорад.

Бояд гуфт, ки ин аввалин мулоқоти ду ҷониб пас аз моҳи  марти соли 2022, замони оғози ҷанги Русия дар Украина буд. Пешниҳоди мулоқоти мустақим аз сӯйи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия садо дод. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украино пешниҳодро пазируфт ва ҳатто бештар аз он, худаш ба Туркия рафт, то бо раисҷумҳури Русия мулоқоти рӯбарӯ доир намояд, аммо Путин ба ин пешниҳод посухи мусбат надод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...