Трамп гуфт, Амрико ба Эрон барои тавофуқи ҳастаӣ пешниҳод додааст. Теҳрон ин иддаъоро рад кард

Бо истифода аз маводҳои ББС ва ИРНА таҳия шудааст

Чанд соат пас аз он ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, аз ирсоли пешниҳод ба Эрон барои созиши ҳастаӣ сухан гуфт, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ изҳор дошт, ҳеҷ паёме аз Иёлоти Муттаҳида ба Теҳрон дар ин замина ирсол нашудааст.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи 16-уми май дар шабкаи “Х”-и худ навишт, ки “Эрон ҳеҷ пешниҳоди катбӣ аз Иёлоти Муттаҳида, чӣ мустақим ва чӣ ғайримустақим дарёфт накардааст”.

“Дар ҳамин ҳол, паёмҳое, ки мо ва ҷаҳон (аз тарафи Амрико, – идора) дарёфт мекунем, ҳамчунон сардаргум ва мутаноқиз ҳастанд. Бо ин ҳол, мавқеи Эрон ҳамчунон қотеъ ва равшан аст: ба ҳуқуқи мо эҳтиром гузоред ва таҳримҳоро поён диҳед. Дар ин сурат тавофуқе даркор хоҳад буд”, – навиштааст Ароқчӣ.

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ҳам имрӯз, 17-уми май, гуфтааст, ки “дар ҳоли музокира ҳастем, аммо аз ҳеҷ таҳдиде ҳарос надорем. Онон хаёл мекунанд, ки мо бо таҳдид аз ҳуқуқамон даст мекашем, аммо мо даст намекашем”.

Доналд Трамп рӯзи гузашта ҳангоми бозгашт ба Амрико аз сафари серӯзааш ба кишварҳои Халиҷи Форс ба хабарнигорон гуфтааст, “Иёлоти Мутаҳҳида пешниҳодро барои тавофуқи ҳастаӣ ба Эрон додааст”.

“Онҳо пешниҳоди моро дар ихтиёр доранд ва ҳоло бояд сареъ тасмим гиранд, вагарна иттифоқи баде хоҳад афтод”, – гуфтааст Трамп ба хабарнигорон. Аммо ӯ шарҳи беҳтаре дар ин маврид ироа накардааст.

Пеш аз ин, рӯзи 14-уми май Алӣ Шамхонӣ, мушовири сиёсии раҳбари Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии NBS-и Амрико гуфта буд, ки дар Сурати бекор кардани ҳамаи таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ, Теҳрон омодаи имзои тавофуқ бо Вашингтон аст.

Пас аз ин Доналд Трамп дар шаҳри Давҳаи Қатар эълон кард, ки Эрон “ба навъе” бо шартҳои тавофуқи ҳастаӣ бо Амрико мувофиқат кардааст.

 

Ӯ гуфт, музокироти ҳастаӣ байни ду кишвар, ки рӯзи якшанбеи гузашта баргузор шуд, “гуфтугӯи бисёр ҷиддӣ” барои “сулҳи дарозмуддат” будааст.

Иёлоти Муттаҳида барои таваққуфи ғанисозии урани Эрон пофишорӣ дорад, то ин кишвар соҳиби силоҳи ҳастаӣ нашавад, вале Теҳрон мегӯяд, фаъолиятҳои ҳастаиаш комилан сулҳомез аст.

Ёдовар мешавем, ки мақомҳои Эрон ва Амрико пас аз чанд ҳафта танишҳои лафзӣ билохира рӯзи 7-уми апрел эълом карданд, ки дар Умон бар сари барномаи ҳастаии Эрон музокира баргузор мекунанд.  Доналд Трамп ва чандин мақомдорони дигари амрикоӣ таъкид мекунанд, ки музокирот “мустақим” баргузор мешавад. Вале намояндаҳои Эрон пофишорӣ доранд, ки гуфтугӯҳо бо Амрико “ғақримустақим” аст ва танҳо масъалаи ғанисозии уран баҳс мешавад.

То ин лаҳза ҷонибҳо чаҳор маротиба бо ҳам мулоқот ва музокирот карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...