Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон нахустин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик (IXP) бо номи TJ-IX (Tajikistan Internet Exchange) дар базаи ҶСК «Тоҷиктелеком» ба фаъолият оғоз кардааст. Мақомот мегӯянд, “лоиҳаи мазкур ба баланд бардоштани сифати интернет ва соҳибихтиёрии рақамӣ равона шудааст”.

Аз Хадамоти алоқа ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҳадаф ва вазифаҳои ин нуқта “баланд бардоштани суръати дастрасӣ, коҳиши хароҷот барои трафики байналмилалӣ, баланси амнияти киберӣ ва соҳибихтиёрии рақамӣ, ташкили экосистемаи рақамии ягона ва муҳайё намудани платформа барои ҳамкории провайдерҳо иборат мебошад”.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки IXP ки ба провайдерҳо ва ташкилотҳо имконият медиҳад, ки трафикро мустақим мубодила кунанд.

“Лоиҳаи мазкур барои иштирокчиён мубодилаи мустақими трафик, сабукии шабака, таъмини сифати баланди алоқа, шартҳои соддаи пайвастшавӣ, дастгирии IPv4 ва IPv6-ро кафолат медиҳад”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Хадамоти алоқа мегӯяд, “ғунҷоиши шабака то 500 Гбит/с буда, вақти кафолатноки он ба 99.99% баробар мебошад”.

Ин ниҳод аз провайдерҳои интернет, муассисаҳои давлатӣ, ширкатҳои хусусӣ, муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои маълумот хостааст, ки ба Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик (IXP) пайваст шаванд.

Хадамоти алоқа мегӯяд, нақша дорад, ки дар ояндаи наздик нуқтаҳои TJ-IX-ро дар минтақаҳои гуногуни кишвар ташкил карда, платформаҳои  байналмилалиро ҷалб намояд. Ҳамзамон лоиҳаро бо шабакаҳои донишгоҳӣ пайваст созад.

“Ифтитоҳи TJ-IX — қадами муҳим дар самти интернети мустақилу босифат дар Тоҷикистон мебошад. Татбиқи пурраи он ба соҳибихтиёрии бештари рақамии кишвар мусоидати фаъол хоҳад кард”,-гуфтанд аз ин ниҳод.

Ташкили Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик дар ҳолест, ки сокинони кишвар қариб ҳамарӯза аз суръати паст ва нархи гарони интернет дар кишвар шикоят мекунанд.

Зимнан, Тоҷикистон дар рейтингии моҳи апрели “Speedtest Global Index” аз рӯи суръати интернети собит (проводной) ҷойи 117-ум-ро миёни 155 кишвар ишғол мекунад. Суръати миёнаи боргирӣ (download) 36,96 Мбит/с буда, назар ба суръати миёнаи ҷаҳонӣ (98,3 Мбит/с) хеле поинтар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...