Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар пайи нашри матлаби “Азия-Плюс” дар робита ба ҷамъоварии маблағ барои таъмири мактаб ва кӯдакистонҳо, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бори дигар ҳушдор дод, ки ҷамъоварии ҳама намуди маблағ барои таъмиру гармикунонии мактабу кӯдакистонҳо манъ аст.

Ҳафтаи гузашта “Азия-Плюс” дар пайи шикояти теъдоде аз сокинони кишвар дар бораи талаби иҷбории маблағ барои таъмир дар мактабҳои ҷумҳурӣ матлабе бо унвони “Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб” нашр кард.  Дар ҳоле, ки Вазорати маориф  ва илм ҳаргуна ҷамъоварии маблағ дар мактабҳоро ҳамеша рад мекунад, сокинон мегӯянд, ки барои таъмири мактаб аз хонандагон аз 50 то 150 сомонӣ пул талаб мешавад.

Дар пайи нашри ин мақола, дирӯз, 22-юми май Сарраёсати маорифи пойтахт бо нашри як эълон гуфт, “бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фасод ва маблағҷамъкунии ғайриқонунӣ” дар мактабу кӯдакистонҳо дастури Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт баромадааст.

Ин ниҳод гуфтааст, агар масъулони мактабу кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе барои чунин корҳо пул талаб кунанд, сокинон метавонанд тариқи рақамҳои 221-30-92, 992 002 20 40 (WhatsApp) ё почтаи электронии [email protected] ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд.

Ҳар сол дар арафаи анҷоми соли хониш талаби пул барои таъмири мактаб аз сокинон доғ мешавад. Дар бештари ҳолатҳо падару модарон ба хотири тарсу ҳарос ва ихроҷ накардани фарзандонашон аз мактабҳо нисбати хилофи қонунгузорӣ ҷамъ кардани маблағ хомӯширо ихтиёр мекунанд.

Зимнан, як пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон маълум кардааст, дар мактабҳо барои таъмири синфхонаҳо, лавозимоти дарсӣ, зодрӯзи омӯзгорон ва гузаронидани мулоқоту маросими расмӣ маблағ ҷамъ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар  дар суханронии худ дар рӯзи 1-уми сентябр аз таҷрибаи беасос ситонидани маблағ аз хонандагон, аз ҷумла барои зодрӯзи омӯзгорон интиқод карда аз роҳбарони вазорати маориф ва шуъбаҳои маориф хост то “ба ин ҳолатҳо қатъӣ хотима бахшанд”.

“Тавассути омӯзгорон ҷамъ овардани маблағ барои баргузории чорабиниҳо, таъмину тармим, обуна ба нашрияҳои гуногун ва монанди инҳо, шахсияти омӯзгорро дар назди ҷамъият беқадр мекунад”, – гуфта буд раисҷумҳур.

 

“Занги охир” ҳам манъ аст

Дар баробари ин, Сарраёсати маориф таъкид кардааст, ки дар тамоми мактабҳои шаҳри Душанбе баргузор кардани чорабинии “занги камолот” ва ё “занги охир” манъ мебошад.

Бояд гуфт, ки қаблан дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми май ба таври анъанавӣ поёни соли таҳсил дониста мешуд ва то соли 2009 хатмкунандаҳо онро бо баргузор кардани “занги охир” таҷлил менамуданд.

Пас аз манъи таҷлили “занги охир”, 24-уми майи соли 2016 Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки ҳама гуна ҷашнҳои марбут ба оғозу анҷоми соли хониш дар мактабҳо манъ карда шавад.

Имсол, соли хониш барои хонандагони синфи 1-ум 24 май ба итмом расида, аз 25 май онҳо ба таътил мебароянд. Барои толибилмони синфҳои 2-11 дарсҳо рӯзи 31 май ба охир расида, пас аз ин давраи имтиҳонсупорӣ оғоз мегардад.

Имтиҳонҳо барои хонандагони синфҳои 4, 8 ва 10-ум дар давраи аз 2 то 10 июн баргузор мешаванд. Барои толибилмони синфи 9-ум давраи супурдани имтиҳонҳо то 16 июн давом карда, хатмкунандагони синфи 11-ум аз 2 то 20 июн имтиҳон месупоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...