Боздошти сардори “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Истаравшан

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Сардори “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан ҳамроҳ бо собиқ роҳбари филиали ширкат дар ин шаҳр боздошт шудаанд. Онҳо ба дуздии 740 ҳазор сомонии пули трансформатор гумонбар дониста мешаванд.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода, гуфтааст, ки гумонбаршудаҳо моҳи майи соли 2022 аз 1 миллиону 490 ҳазор сомонӣ пуле, ки барои харидории трансформатор ҷудо шуда буд, нисфашро дуздидаанд.

Гумонбаршавандагон, тахминан моҳи майи соли 2022, тибқи маслиҳати пешакӣ, тавассути протоколи тендерӣ барои харидорӣ намудани 1-адад трансформатор ба маблағи умумии 1 миллиону 490 ҳазор сомонӣ бо воситаи таъминотчии ҶДММ "Фарзина", дастгиршуда, марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки қаблан соли 2021 бо қисми 2 моддаи 245 ва бо қисми 2 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳуҷҷатгузорӣ карда, онро аз шаҳри Душанбе ба маблағи 740 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда, боқимонда 740 ҳазор сомониашро байни ҳамдигар тақсим намуда, ба манфиати шахсиашон сарф намуда, ба буҷаи давлат зарари махсусан калон расонидаанд.”, – гуфтааст ВКД.

Ба иттилои манбаъ, сардори “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан марди 39-солаи сокини ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров буда, аз 16-уми январ соли 2025 то ин ҷониб дар ин вазифа кор мекард.

Шарики ӯ, собиқ сардори филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан марди 51-сола аз шаҳри Хуҷанд будааст, ки моҳи марти соли 2023 аз вазифааш барканор шудааст.

Мақомот ному насаби онҳоро зикр накардааст. Кӯшишҳои мо низ барои дарёфти ному насабаш бенатиҷа анҷом ёфт.

Дар ин қазия як нафари дигар низ шарик будааст. ВКД аз ин мард ҳам ном набурдааст ва танҳо ишора кардааст, ки ӯ таъминотгари ҶДММ “Фарзина”, буда, марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд мебошад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ин мард соли 2021 барои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ (қисми 2-и моддаи 245) ва сохтакории ҳуҷатҳо (қисми 2-и моддаи 340-и Кодекси ҷиноятӣ) суд шудааст.

Дар ҳоле ки назари гумонбаршудаҳо ба ин қазия дастар нест, мақомот гуфтаанд, алайҳи сардори ширкат ва роҳбари филиали он дар шаҳри Истаравшан барои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ (қисми 4-и моддаи 245), сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо (қисми 2-и моддаи 295) ва сохтакории ҳуҷҷатҳо (қисми 2-и моддаи 340 Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз кардаанд.

Ҳамчунин, нисбати таъмингари ширкати “Фарзина” ҳам бо қисми 4-и моддаи 245 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), қисми 2-и моддаи 295 (сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) ва қисми 2-и моддаи 260 (ташкили ғайриқонунии шахси ҳуқуқӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз кардаанд.

Бояд гуфт, дар як соли охир ин аллакай ҳодисаи дуюми аз ҷониби кормандони шабакаҳои тақсимоти барқи Истаравшан содир гардидани ҷинояти азхудкунӣ ё исрофкории маблағҳои давлатӣ мебошад.

Қаблан кормандони Оҷонсии зиддифасод дуздии амволро ба маблағи зиёда аз 1,2 млн сомонӣ аз корхонаи шабакаҳои барқи шаҳри Истаравшан ошкор карда буданд.

Боздошти масъулини соҳаи барқ дар ҳолест, ки пас аз интиқоди шадиди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва тағйирот ба қонунгузории кишвар дар мавриди истифодаи ғайриқонунии барқ, назорат дар ин самт пурзӯр шудааст.

Бар пояи тарҳи қонуне, ки онҳо рӯзи 2-апрел баррасӣ ва қабул кардаанд, касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол ба зиндон маҳкум мегарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...