Дарвозаҳои электронии фурудгоҳи Душанбе кай ба кор медарояд?

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Фаъолияти дарвозаҳои электронӣ (e-gates) дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дигарбора ба таъхир афтодааст. Ҳарчанд гуфта мешуд, ки ин дарвозаҳо моҳи марти соли 2025 ба кор медароянд, вале то ҳол онҳо фаъол нестанд.

Аз маркази матбуоти фурудгоҳ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки “дарвозаҳои электронӣ рӯзҳои наздик пурра ба кор медароянд”, вале муҳлатҳои мушаххасро нагуфтанд. Дар ҳамин ҳол, сабаби то ба ҳол фаъол нашудани дарвозаҳоро ҳам шарҳ надоданд.

“Системаи дарвозаҳои электронӣ маълумоти пурраи интернетии ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоиро дар бар мегирад. Дар ҳоли ҳозир бо иштироки ҳамаи сохторҳо низом мавриди навсозӣ қарор дошта, рӯҳои наздик пурра ба кор медарояд”, – гуфтанд аз фурудгоҳ.

Қаблан, зимни нишасти матбуотии ҷамъбасти соли 2024 Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандӣ гуфта буд, ки ба кор даровардани дарвозаҳои электронӣ рӯзи 15 марти соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Он замон ӯ хабар дода буд, ки ҳамгироии система ба андозаи 90% ба охир расида, ҳозир бандубаст ва васлу насби он идома дорад.

“Дар дарвозаҳои электронӣ мустақилона гузаштани мусофирон аз санҷиши шиноснома пешбинӣ шудааст, ки бояд ба ҷараёни убури сарҳад суръат бахшад, яъне мутаносибан вақти ҳам марзбонону ҳам мусофирон сарфа мешавад. Ҳатто як дарвоза ҳам ба бартараф намудан навбатпойиҳо мусоидат мекунад”, – зикр карда буд Ҳабибулло  Назарзода.

 

Мавқуф гузоштан бори аввал нест

Лоиҳаи ҷорисозии низоми худкор (автоматӣ)-и санҷиши шиноснома зиёда аз 1 сол пеш муаррифӣ шуда буд. Нахуст, ба истифода додани он 1-уми декабри соли 2024 пешбинӣ гардида буд, вале маросим чандин бор ба вақти дигар гузаронида шуд.

Қарори ҷорисозии низом аз ҷониби Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандӣ дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ қабул шуда буд.

Моҳи июни соли 2024 палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба қонун “Дар бораи сарҳади давлатии ҶТ” тағийрот ворид намуд, ки имкони истифода аз системаҳои биометриро дар сарҳад қонунӣ кард.

 

Дарвозаҳои электронӣ чӣ гуна кор мекунад?

Система ҷиҳати аз санҷиши шиносномоа бе иштироки сарҳадбон гузаштан имкон медиҳад. Барои ин доштани шиносномаи биометрӣ зарур аст. Низоми автоматии санҷиши шиноснома дар сарҳад шахсияти шаҳрвандро бар асоси маълумоти биометрӣ муайян мекунад. Барои убури сарҳад мусофир шиносномаро ба дастгоҳ мегузорад. Дар шиносномаи биометрӣ микрочипе ҳаст, ки маълумоти он бо ёрии дастгоҳи шинохти автоматӣ санҷида мешавад. Вақти гузаштан аз санҷиши шиноснома тариқи “дарвозаи электронӣ” аз 30 то 45 сонияро барои корбари огоҳ аз ин низом ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи таҳиягарони ин барнома, ҳадафи аслии ҷорисозии кори дарвозаҳои электронӣ –  сарфаи вақти гузаштан аз санҷиш ва кам кардани сарборӣ барои кормандони хадамоти амният, бахусус дар соатҳои хеле зиёд сермусофир будани фурудгоҳ, яъне дар як фосилаи кӯтоҳ ба нуқтаи таъинот расидани якчанд ҳавопаймоҳо аз кишварҳои гуногун аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...