Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ 25 МАЙ

Имрӯз ҳафтаи кӯдакону наврасон дар шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Ҳафта бо маросими гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз хоҳад шуд.

Дар шаҳри Тошканд Чемпионати "CAFA U-17–2025" идома дорад, ки он то 31-уми май давом мекунад. Дар мусобиқа 6 дастаи миллии наврасон аз Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд. 

Дар Тоҷикистон то 14 июн бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун марафони ихтиёрии хунсупорӣ баргузор мешавад. Ҳар як шахс метавонад дар маърака иштирок кунад.

Барои ин ба филиали наздиктарини Маркази ҷумҳуриявии хун ё ба маркази саломатии маҳаллӣ худ муроҷиат кардан лозим аст. Донор метавонад шаҳрванди Тоҷикистон бошад, ки аз 18 то 60 сол дошта, тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад. Пеш аз супоридани хун донор аз муоинаи тиббии ройгон мегузарад. Шахсоне, ки хоҳиши иштирок карданро доранд, бояд бо худ шиносномаашонро дошта бошанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 26 МАЙ

Соли 1928 – Дар ҷаласаи ФИФА дар бораи доир намудани Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ҳар чор сол як маротиба қарор қабул шуд.

Соли 2009 – Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда-1” муваққатан боздошта шуд.  Сабаби асосии ин таваққуф камбуди маблағгузорӣ буд, ки гуфта мешуд, аз сабаби таъхири пардохти қарзҳои ширкати давлатии “Барқи тоҷик” барои нерӯи барқи истеҳсолшуда ба миён омадааст. 

Соли 2011 – Аввалин ҷаласаи солонаи саҳмдорони НБО-и “Роғун” баргузор гардид.

Соли 2018 – Шаҳрванди 9-миллионуми Тоҷикистон, ки волидонаш сокинони шаҳри Душанбе буданд, ба дунё омад. Ба ин хонавода хонаи сеҳуҷрагӣ дода шуд.

Соли 2020 – Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии кишвар эълом кард, ки муолиҷаи гирифторони “COVID-19” дар Тоҷикистон пурра ройгон анҷом дода мешавад ва захираи дору дар кишвар кофист.

Соли 2023 – Додгоҳи шаҳри Панҷакент рӯзноманигори мустақил Хуршед Фозиловро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.  Ӯ тибқи моддаи 307(3), қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ гунаҳкор дониста шуд. Рӯзноманигор 6 марти соли 2023 аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт шуда буд.  Ӯ ва наздиконаш иттиҳомотро рад мекунанд ва мегӯянд, ки парванда ба фаъолияти рӯзноманигориаш рабт дорад. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хуршед Фозилов

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1933 – Мавлуди Хушқадам Қамариддинов, пизишк, олим, профессор.

Соли 1950 – Зодрӯзи Мақсудҷон Муҳиддинҷонов, рӯзноманигор ва аксбардори тоҷик.

Соли 1959 – Зодрӯзи Абдуфаттоҳ Шарифзода, собиқ роҳбари хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдуфаттоҳ Шарифзода

Абдуфаттоҳ Шарифзода аслан таърихнигор аст. Ӯ соли 1982 факултаи таърих ва соли 1987 шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Вай фаъолиятро аз омӯзгори мактаб оғоз намуда, дертар вакили парлумон ва ҳамин тариқ 21 сол сухангӯи президенти кишвар буд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода баъди чанд соли кор дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, солҳои 2000-2003-юм вакили Маҷлиси намояндагон буд.

15 декабри 2003 сардори Хадамоти матбуотии президент таъин шуд ва то 29 январи 2024 дар ин мансаб кор кард. Ӯро дар ин курсӣ Заробиддин Қосимӣ иваз кард.

Соли 1996 – Зодрӯзи Фараҳманд Каримов, овозхони ҷавони тоҷик.

Соли 2021 – Раҷабмад Амиров, вазири пешини фарҳанг дар 67-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи адвокатҳо таҷлил мегардад. Ин сана бо Қарори ҳукумати кишвар соли 2015 расман эълон шудааст. Ҳадаф аз таҷлили ин рӯз қадрдонии нақши муҳими касби адвокатӣ дар таъмини адолати судӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва боло бурдани мақоми ҳокимияти қонунӣ дар ҷомеа гуфта мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар мақолаи  "Адвокатура дар Тоҷикистон: дифоъгароне, ки худ ба дифоъ ниёз доранд" аз сарнавишти вакилони дифои маъруфи тоҷик ва ҳаводиси пурсарусадои бахши адвокатура дар Тоҷикистон шинос шавед. 

26 майи соли 1913 нахустин ҳавопаймои бисёрмотораи ҷаҳон нахустпарвози худро анҷом дод. Ин ҳавопаймо аз ҷониби муҳандиси ҷавон Игор Сикорский ҳамчун воситаи таҷрибавӣ барои иктишофи стратегии низомӣ сохта шуда буд. Он аз лиҳози андоза ва вазни борбардорӣ аз ҳама ҳавопаймоҳои то он вақт мавҷудбуда пешсаф буд ва оғози як самти нави саноати ҳавонавардӣ – сохтмони ҳавопаймоҳои вазнин гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамон рӯз дар шаҳри Волфсбурги Олмон сохтмони бузургтарин корхонаи истеҳсоли “автомобили мардумӣ” – корхонаи “Фолксваген” оғоз ёфт.

Имрӯз ҳар панҷумин автомобили нави фурӯхташаванда дар Аврупои Ғарбӣ ба ширкати “Volkswagen Group”тааллуқ дорад. Ин ширкат як қатор мошинҳои муосирро пешкаш мекунад, ки бо сифати баланди олмонӣ ва дастовардҳои охирини соҳаи мошинсозӣ фарқ мекунанд ва орзуи дирӯзаро ба воқеияти имрӯза табдил медиҳанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

26 майи соли 1972 дар шаҳри Мюнхени Олмон варзишгоҳи “Олимпиатадион” ифтитоҳ ёфт. Аввалин бозии варзишие, ки дар ин варзишгоҳ баргузор шуд, бозии дӯстона байни дастаҳои миллии Олмони Ғарбӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки дар он дастаи Олмон бо ҳисоби 4:1 пирӯз гардид.

Маҷмааи варзишӣ қобилияти қабул кардани то 70 ҳазор тамошобинро дорад. Майдони футбол 105 бар 68 метр буда, бо системаи обёрии худкор муҷаҳҳаз аст. Болои трибунаҳо ва қисме аз боғи олимпӣ бо бӯри азим ва овезони сохташуда аз симҳои пӯлодин ва шишаи акрилӣ пӯшида шудааст. Барои сохтмони стадион 137 миллион маркаи олмонӣ масраф гардида буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар Алтай ҳамасола 26 май Рӯзи бабри барфӣ таҷлил мегардад. Ҳадафи асосии ин рӯз ҷалб намудани таваҷҷуҳи сокинони Алтай ва дигар кишварҳои ҷаҳон ба мушкилоти вобаста ба коҳиши шумора ва ҳифзи муҳити зисти бабри барфӣ мебошад, ки яке аз навъҳои нодиру зери хатари нестшавии табиат ба ҳисоб меравад.

Бабри барфӣ дар минтақаҳои кӯҳии 12 кишвари Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Ҳинд, Хитой, Муғулистон, Непал, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон ва Бутан маскун аст. Ба маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, шумораи умумии ин ҳайвон дар табиат тақрибан 4000 сарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора, тақрибан 300 сар дар қаламрави Тоҷикистон – асосан дар минтақаҳои кӯҳистони Бадахшон ва қисматҳое аз минтақаи Зарафшон зиндагӣ мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 26 МАЙИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 14+19º гарм, рӯзона 26+31º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон борида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 32+34º гарм, дар шарқи вилоят шабона -1+4º, рӯзона 13+18º гарм.       

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 27+29º гарм мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...