Дар Тоҷикистон бори дуюм аз оғози сол меъёри рентаи содиротӣ зиёд мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Меъёри рентаи содиротӣ аз 1 июни соли равон то 8% ва аз 1 январи соли 2027 – то 10% боло меравад. Дар ин бора дар мактуби Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба мақомоти андози минтақаҳо ва андозсупорандагон сухан меравад.

Дар мактуб зикр мешавад, ки меъёри рентаи содиротӣ барои калоба ва ресмони пахтагин, инчунин риштаи абрешим аз моҳи оянда 4% ва аз 1 январи соли 2027 – 6%-ро ташкил хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки меъёри рентаи содиротӣ аз 1 январи соли равон дар сатҳи 4% муқаррар шудааст.

Мафҳуми рентаи содиротӣ дар қонунгузории андози ҷумҳурӣ чанде пештар бо пешниҳоди Кумитаи андоз дар сатҳи 2% аз 1 январи соли 2023 рӯйи кор омад.

Мувофиқи Кодекси амалкунандаи андоз, содиркунандагони маҳсулоти зерин рентаи содиротӣ пардохт мекунанд:

– консентрати фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо, сиёҳ, ранга, нодир, радиоактивӣ;

– ашёи хоми кимиёвии кӯҳӣ;

– ашёи хом аз сангҳои ороишии аз коркарди аввалия гузашта;

– нахи пахта, калоба ва ресмони пахтагин, пилла, риштаи абрешимӣ, пашм ва пӯст.

Заминаи андози рентаи содиротӣ дар давраи ҳисоботӣ арзиши муайяншуда аз ҳисоби нархи миёнаи таҳвил (содирот)-и молҳо дар замони содирот, ки дар шартномаҳои содиротӣ зикр шудааст, шуморида мешавад, лекин на пасттар аз нархи таҳвили мол, ки дар давраи ҳисоботии андоз дар Биржаи фулузоти Лондон, Биржаи фулузоти қиматбаҳо ва дигар биржаҳои байнулмилалӣ (минтақавӣ) сабт шудааст.

Дар сурате, ки нарх дар ду биржаи Лондон ё дигар биржаҳои байнулмилалӣ (минтақавӣ) муайян карда нашудааст, заминаи андози рентаи содиротӣ бар асоси нархҳои бозор муайян карда мешавад.

Заминаи андоз аз ҷониби андозсупоранда аз рӯи ҳар як навъи объекти андозбандишаванда ҷудогона муайян карда мешавад.

Маблағи рентаи содиротӣ бояд на дертар аз санаи 15-уми моҳи минбаъда дар давраи ҳисоботии андоз ба буҷет пардохт карда шавад.

Андозсупорандгоне, ки дар давраи се моҳ ҳисоботи андоз пешниҳод накардаанд, саркаш дониста шуда, барои амали саркашӣ аз пардохти андоз қонунгузорӣ андозсупорандаро ба пардохт дар ҳаҷми ду баробари он уҳдадор мекунад.

Рентаи содиротӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ даромади иловагиест, ки истеҳсолкунанда барои фурӯши моли худ, маъмулан ашёи хом ба хориҷи кишвар бо нархи баландтар аз дохили кишвар ба даст меорад. Ба ибораи дигар, ин фоидаест, ки бо сабаби нисбат ба бозори дохилӣ дар бозори ҷаҳони қиматтар фурӯхтани мол ба вуҷуд меояд. Он маъмулан нисбати молҳои нодир ё молҳое, ки дар бозори ҷаҳонӣ арзиши баланд доранд, муқаррар карда мешавад.

Тибқи маълумоти Агентии омор, соли 2024 аз Тоҷикистон  чунин молу маҳсулот содир шудааст, ки бо рента андозбандӣ мешавад:

– сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва фулузот – ба маблағи 376 млн доллар;

– фулузоти арзон ва маснуот аз он – ба маблағи 525 млн доллар;

– масолеҳи нассоҷӣ ва маснуот (нахи пахта, калоба ва ресмони пахтагин, риштаи абрешим ва дигар маснуоти нассоҷӣ) – ба маблағи 269 млн доллар;

– пӯсти коркардношуда ва чарм – ба маблағи 5,3 млн доллар.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...