Се медали ҷудокорони навраси тоҷик дар Ҷоми Осиё дар Тошканд

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар шаҳри Тошканд мусобиқаи Ҷоми Осиё-2025 оид ба ҷудо байни наврасон ба охир расид, ки мутнахаби Тоҷикистон дар он ба дастовардҳо ноил гардид.

Мусобиқа рӯзҳои 24-25 май доир гардида, дар он зиёда аз 515 нафар ҷудокорон аз 8 кишвар ширкат варзиданд. Бино ба маълумоти Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа ҷудорони навраси тоҷик ба дарёфти се медал – тилло, нуқра ва биринҷӣ шарафёб шуданд.

Дар вазни то 78 кг байни занон Виктория Киселева ба дарёфти медали тилло ноил гардад, ки ин барои на танҳо худи варзишгар, балки тамои ҷудои занонаи Тоҷикистон дастоварди назаррас маҳсуб меёбад.

Дар вазни то 52 кг Мадина Қурбонзода медали нуқра ба даст овард. Барои ӯ ин дуюмин комёбии назаррас дар мавсими соли равон аст – қаблан дар Ҷоми Осиё миёни кадетҳо ӯ медали тилло гирифта буд.

Дар вазни то 73 килограмми мусобиқа байни мардон Бинёмин Назаров ба дарёфти медали биринҷӣ даст ёфта, дар ҳамаи рақобатҳо маҳорату малакаи хуб нишон дод.

Қаблан дар мусобиқа миёни кадетҳо дар Тошканд низ намоягндагони Тоҷикистон ба дастовардҳо ноил гардида буданд: Мадина Қурбонзода ба дарёфти медали тилло, Бобоҷон Шаропов – нуқра ва Абӯбакр Худоев- биринҷӣ ноил гардида буданд.

Ноиби раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков аз мусобиқаи мазкур чунин натиҷагирӣ кард:

“Ин мусобиқа дар қатори Ҷоми кушоди Осиё ва Аврупо барои варзишгарони ҷавон марҳилаи муҳими омодагии касбӣ маҳсуб меёбанд. Мо онҳоро ҳадафмандона барои омодасозии захира ва тақвияти рақобати дохилӣ истифода мебарем. Боиси хушнудист, ки варзишгарони мо арзанда ҳунарнамоӣ карда, ба дарёфти шаш медал даст ёфтанд.

Дастоварди духтарон боиси ифтихори хос аст, ин пирӯзиҳои таърихӣ мебошад, ки ҷудокорони ҷавонро рӯҳбаланд ва ҳавасманд месозад. Онҳо собит месозанд, ки дар варзиш монеъаҳо нестанд: метавон ғалаба карду, бо ифтихор парчами Тоҷикистонро дар арсаи байнулмилалӣ парафшонӣ намуд.

Ба ҳамаи касоне, ки аз тими мо дастгирӣ карданд ва ба раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир барои эътимод ва дастгирӣ изҳори миннатдорӣ мекунем”, – изҳор дошт Маҳмадбеков.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...