Идомаи мурофиаи додгоҳии парвандаи марги ноболиғи 16-сола пагоҳ баргузор мешавад

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имрӯз, 2-юми июн Додгоҳи ноҳияи Сино баъди шунидани суханҳои Юсуф Баҳрулло Юсуфзода, ронандае, ки зери чархи мошини ӯ Ҷасур Акрамови 16-сола, як сокини пойтахт ба ҳалокат расид, мурофиаи навбатиро ба пагоҳ, 3-юми июн гузошт.

Дар мурофиаи пагоҳ интизор меравад, яке аз шоҳидон-  тағои гумонбаршавандаро мепурсанд. Қаблан гуфта мешуд, ки ӯ мошини тағояшро бе доштани ҳуқуқи ронандагӣ гирифтааст. 

Садамаи нақлиётӣ бо иштироки Юсуф Юсуфзода рӯзи 3-юми апрели соли 2025, тахминан соати 16:30 дақиқа дар кӯчаи Б.Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух дод, ки дар натиҷа Ҷасур Акрамови 16-сола ҷароҳат бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, ба ҳалокат расид. Сабаби ҳодиса “аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадан”-и Юсуфзода гуфта мешавад.

Ҳарчанд гуфта мешуд, ки мурофиаи имрӯза ба таври кушод баргузор шуда, хабарнигорон низ дар он метавонанд ширкат кунанд, вале соати 11:00- имрӯз вақте мурофиа оғоз шуд, додрас хабарнигори “Азия-Плюс”-ро ба толори мурофиа роҳ надод. Дар он танҳо вакилони дифоъ ва наздикони ду тараф ширкат карданд.

Фирдавс Акрамов, падари марҳум Ҷасур Акрамов баъди анҷоми мурофиа ба “Азия-Плюс” гуфт, “дар мурофаи гумонбаршаванда гуноҳи худро пурра эътироф кард”.

“Дар ҷаласаи додгоҳӣ маълум гардид, ки гумонбаршаванда қаблан барои ҷинояте, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир алоқаманд аст ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Худи боздоштшуда низ шарҳ дод, ки барои истеъмоли воситаи нашъадори бангдона ба ҷавобгарӣ кашида шудааст”,-гуфт Фирдавс Акрамов.

Ба иттилои ӯ, зимни мурофиа гуфта шуд, ки гумонбаршаванда замони содир кардани садамаи нақлиётӣ ҳуқуқи рондани воситаҳои нақлиётро надошт.

Дар мурофиа ҳамчунин, худи Фирдавс Акрамов ҳам пурсида шудааст. Ӯро дар бораи шахсияти фарзандаш пурсиданд.

“Ман аз гумонбар пурсидам, ки вақти рух додани садама чаро мошинро ба кунҷи дигари роҳ тоб надод? Дар ин сурат имкон буд, фарзанди ман зинда монед”, – гуфт Фирдавс Акрамов.

Назари хонавода ва вакили дифои гумонбаршаванда дар робита ба ин қазия маълум нест. Наздикони Юсуф Баҳрулло Юсуфзода аз суҳбат бо "Азия-Плюс" худдорӣ карданд.

Қаблан, Фирдавс Акрамов, падари марҳум Ҷасур Акрамов бо нашри як номаи саркушода ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул хоста буд, ки парвандаи ҷиноии марги писарашро таҳти назорати шахсӣ гиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...