Нобаробарӣ дар тиҷорат. Дар Тоҷикистон воридот нисбат ба содирот 4 баробар зиёд шудааст

Дар зарфи чаҳор моҳи соли 2025 ба Тоҷикистон ҳудуди 2,5 млрд доллар молу маҳсулот ворид шуда, ҳаҷми содирот ҳамагӣ 636 млн долларро ташкил додааст. Дар ин бора Оҷонси омори Тоҷикистон хабар медиҳад. Касри тавозуни тиҷоратӣ (зиёд будаи воридот нисбат ба содирот) ҳудуди 1,9 млрд доллар баробар шудаст. Воридоти мол давоми моҳои январ-апрели соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар зарфи чаҳор моҳи соли 2025 ба Тоҷикистон ҳудуди 2,5 млрд доллар молу маҳсулот ворид шуда, ҳаҷми содирот ҳамагӣ 636 млн долларро ташкил додааст. Дар ин бора Оҷонси омори Тоҷикистон хабар медиҳад.

Касри тавозуни тиҷоратӣ (зиёд будаи воридот нисбат ба содирот) ҳудуди 1,9 млрд доллар баробар шудаст.

Воридоти мол давоми моҳои январ-апрели соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 қариб 24% (ба маблағи зиёда аз 473 млн доллар) афзуда, дар ҳамин ҳол, содироти молу маҳсулот 13% (95 млн доллар) кам шудааст.

Ҳаҷми воридот дар навбати аввал аз ҳисоби харидани востаҳои нақлиёт, аз ҷумла локомотиву вагонҳо, инчунин мошину таҷҳизот (генератор, турбина, пойгоҳҳои обкашӣ, муҳаррикҳо ва ғайра) зиёд шудааст.

Дар сохтори воридоти кишвар вазни қиёсии нисбатан баланд ба маҳсулоти минералӣ (18,7%), воситаҳои нақлиёт (13,6%), мошину таҷҳизот (12,6%) ва фулузот (металлҳо)-и арзон (10,2%) рост меояд.

 

Коҳиши содирот аосан бар асари поинравии ҳаҷми фурӯши фулузот ва сангҳои қиматбаҳо (247 баробар – аз 299 млн доллар дар моҳҳои январ-апрели соли 2024 то 1,2 млн доллар дар ҳамин давраи соли равон) ба вуҷуд омад. Ҳамчунин ҳаҷми содироти маҳсулоти минералӣ (семент, маъдан, консентратҳо ва дигар маҳсулоти ашёи хом) низ ба таври назаррас кам шуд.

Содироти кишвар дар зарфи 4 моҳи аввали ҳамин сол асосан (80%) аз маҳсулоти ашёи хом, аз ҷумла фулузоти арзон (алюминии аввалия) ва маҳсулоти минералӣ иборат буд.

 

Ба сурати умум, гардиши савдои хориҷии кишвар дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ каме бештар аз 3,1 млрд долларро ташкил додааст, ки 13,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад.

 

 

Тавозуни манфии тиҷоратӣ чӣ хавфҳо дорад?

Касри тавозуни тиҷоратӣ ба коҳиши вуруди сармояи хориҷӣ, ки дар навбати аввал барои харидории маҳсулоти ҳаётан муҳим ва ашёи хом аз хориҷа зарур аст, оварда мерасонад. Бо асъори миллии мо касе дар хориҷа чизе ба мо намефурӯшад.

Яъне, агар содирот ба таври назаррас аз воридот кам бошад, ба ҷумҳурӣ асъор кам ворид мешавад, ки ин имконоти ҷумҳуриро барои харидории захираҳои зарурӣ, технологияҳо ва маҳсулоти дигар маҳдуд месозад.

Мувофиқи қонунҳои бунёдии иқтисод, барои рӯйпӯш сохтани каср ҷалби қарзҳои беруна, қарзҳо ё коҳиши захираҳои асъорӣ лозим аст. Ҳамаи ин ба афзоиши қарзи хориҷӣ боис гардида, сарбории молиявиро ба буҷет ва насли оянда зиёд мекунад.

Ғайр аз ин, касри зиёди тавозуни тиҷоратӣ ба асъори миллӣ ва афзоши таваррум фишор меорад. Иқтисодчиён инро чунин шарҳ медиҳанд, ки коҳиши вуруди асъор камбуд дар бозори асъорро тақвият бахшида, ба заъифшавии пули миллӣ боис мегардад. Беқурбшавӣ арзиши маҳуслоти воридотиро зиёд карда,ба болоравии нархҳо ва бадшавии имконоти харидории аҳолӣ оварда мерасонад.

Ғайр аз ин, вобастагии зиёд аз воридот, иқтисодро ба тағйироти нархҳо дар ҷаҳон, буҳронҳои сиёсӣ ва монеъаҳои логистикӣ осебпазир мегардонад, ки метавонад ба камбуди маҳсулоти муҳим боис шавад.

Ҳамчунин дар ҳолати касри доимии содирот, модели иқтисодӣ бисёр вақт ба хариди маҳсулоти тайёр такя мекунад, ки ҳавасмандиро ба рушди истеҳсоли миллӣ, инноватсияҳо ва содирот коҳиш медиҳад.

Илова бар ин, касри тавозуни тиҷоратӣ эътимоди сармоягузорони хориҷиро паст мекунад, ки метавонад ба коҳиши вуруди сармоя ва сустшавии рушди иқтисод оварда расонад.

Ба ин тариқ, қариб чор баробар зиёд будани воридот нисбат ба содирот аз тавозунҳои манфии ҷиддии сохторӣ дар иқтисоди Тоҷикистон дарак медиҳад.

Барои рушди устувор мутахассисони байнулмилалӣ андешидани тадбирҳо оид ба гунгунсамт кардани иқтисод, ҳавасмандсозии истеҳсол ва содирот, инчнуин назорат аз болои маблағҳои вурудӣ аз хориҷаро тавсия медиҳанд.

 

Чӣ моро наҷот медиҳад?

Ба туфайли интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ба кишвар асъори назаррас ворид мешавад, ки сарфи назар аз касри бузурги тавозуни тиҷоратӣ, ба Тоҷикистон барои хариди молу маҳсулот дар хориҷи кишвар имкон медиҳад. Ин маблағҳо ба сарчашмаи калиии асъор табдил ёфта, фарқият байни содирот ва воридотро ҷуброн месозанд ва устувории иқтисодиро нигоҳ медоранд.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ҳудуди 5,8 млрд долларро ташкил дод, ки 27% зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад. Ин ҳудуди 45% аз ҳаҷми Маҷмӯи маҳслуоти дохилӣ (ММД)-и кишвар буда, Тоҷикистонро ба яке аз пешсафон аз рӯи ҳиссаи пулҳои интиқолӣ дар иқтисод табдил додааст.

Қисмати асосии интиқоли маблағро муҳоҷирон таъмин мекунанд, ки асосан дар Русия ва дигар кишварҳои ИДМ кор мекунанд.

Ин маблағҳо талаботи дохилиро дастгирӣ ва захираҳои асъорро муситаҳкам карда, ба воридоти маҳсулоти зарурӣ барои таъмини ҳаёти рӯзмарра ва рушди иқтисод имкон фароҳам меоваранд.

Интиқоли маблағҳо инчунин ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат намуда, рушди иқтисодоро аз ҳисоби хароҷоти истеъмолӣ ҳавасманд месозанд. Аммо вобастагии зиёди иқтисод аз ин маблағҳо тибқи арзёбии мутахассисон, хавфҳои марбут ба омилҳои берунаи иқтисодӣ ва хориҷӣ, инчунин сиёсати муҳоҷирати кишварҳои таъинотро ба вуҷуд меоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.