Нархи шир дар Тоҷикистон дар 10 сол қариб 3 баробар боло рафт

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Нархи шир дар Тоҷикистон тайи даҳсолаи ахир ба таври назаррас боло рафта, дар ҳамин ҳол, истеҳсоли дохилӣ дар ҳоли афзоиш аст, вале талаботи аҳолиро наметавонад пурра қонеъ созад. Воридоти маҳсулоти ширӣ афзуда, таъмини аҳолӣ бо шир аз меъёрҳои тавсияшуда пасттар боқӣ мемонад.

 

Аз 4 то 12 сомонӣ барои 1 литр

Тайи даҳсолаи ахир болоравии назарраси нархи шир ва маҳсулоти ширӣ дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки бозгӯи тамоюли гароншавии маҳсулоти хӯрокворӣ аст.

Дар шаҳри Душанбе моҳи майи соли 2016 нархи 1 литр шир аз 4 то 6 сомониро ташкил дода, моҳи майи соли 2020 нархи он то 5-8 сомонӣ ва моҳи майи соли 2025 бошад, аллакай ба 8-12 сомонӣ расид. Дар минтақаҳо низ нарх аз 3-5 сомонӣ дар соли 2015 то ба 6-9 сомонӣ дар соли 2025 боло рафт.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои май-апрели соли 2025 дар муқоиса бо моҳи гузашта каме поинравии нархи шир – ба андозаи 1-7% ба қайд гирифта шудааст, лекин нисбат ба моҳи декабри соли 2024 нарх ба андозаи 6,3% ва апрели соли 2024 – 10,4% зиёд шудааст.

 

Истеҳсол зиёд мешавад, вале талаботро қонеъ намесозад

Давоми моҳҳои январ-апрели соли 2025 истеҳсоли шир дар кишвар 287 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки 5,6% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар соли 2024 ҳаҷми умумии истеҳсоли шир ҳудуди 1,18 млн тоннаро ташкил додааст, ки 5,3% зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод, меъёри тавсияшудаи истеъмоли шир ва маҳсулоти ширӣ барои 1 нафар 316 грамм дар 1 шабонарӯзро ташкил медиҳад. Пешгӯиҳои рушди соҳа мусбатанд: дар назар аст, ки истеҳсоли шир тадриҷан афзуда, дар соли 2027 тақрибан ба 1,3 млн тонна расад.

Истеҳсоли маснуоти ширӣ низ дар ҳоли афзоиш аст: тибқи маълумоти Вазорати саноат, соли 2024 21,1 ҳазор тонна истеҳсол шуда, дар соли 2027 ҳаҷми истеҳсол то 31,1 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст, ки аз рушди соҳаи коркард ва тавсеъаи номгӯи маҳсулоти ширӣ гувоҳӣ медиҳад.

 

Воридоти маҳсулоти ширӣ босуръат зиёд мешавад

Воридоти маҳсулоти ширӣ ба Тоҷикистон низ меафзояд. Дар семоҳаи аввали соли 2025 ҳаҷми воридот зиёда аз 3 ҳазор тонна ба маблағи 6 млн долларро ташкил дода, дар соли 2024 ба маблағи 22 млн доллар 12 ҳазор тонна маҳсулоти ширӣ ворид шудааст.

Пешгӯиҳо ба афзоиши минбаъдаи воридот ишора мекунанд: соли 2025 аз афзоиш то 183 ҳазор тонна (+23,5%), соли 2026 – то 239 ҳазор тонна (+30,2%) ва соли 2027 – то 300 ҳазор тонна тонн (+25,5%) интизорӣ меравад.

Ин ба талаботи афзояндаи аҳолӣ, васеъ шудани номгӯйи маҳсулот ва зарурат ба маҳсулоти ширии махсус, ки истеҳсоли дохилӣ қонеъ карда наметавонад (шири хушк, хӯрок барои кӯдакон, панир, йогурт) марбут аст.

 

Истеъмоли шир аз меъёр паст боқӣ мемонад

Тибқи меъёри миллӣ, истеъмоли солонаи шир ва маҳсулоти ширӣ ба ҳар як сари аҳолӣ бояд 115,3 литрро ташкил диҳад.

Нишондиҳандаҳои воқеӣ ба таври назаррас аз меъёр пасттаранд: дар деҳот ҳудуди 63,6 литр дар як сол (наздики 55%-и меъёр) ва дар шаҳрҳо – 62,8 литр. Сабаби аслӣ маҳдудияти дастрасӣ ба маҳсулот арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, аксари хонаводаҳои деҳот  гови худиро доранд, аммо ғизодиҳии анъанавӣ на ҳамеша ба истеъмоли доимии шир мусоидат мекунад.

 

Коркарди нокофӣ ва инфрасохтор рушди бозори ширро бозмедорад

Мушкилоти аслии соҳа ба коркарди нокофӣ ва инфрасохтори суст марбутанд. Сарфи назар аз афзоиши истеҳсол аз 950 ҳазор тонна дар соли 2017 то зиёда аз 1 млн тонна, на камтар аз сеяки шир мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад. Ин ба талафоти маҳсулот ва камшавии ҳавасмандии истеҳсолкунандагон ба тавсеъаи истеҳсол оварда меравонад.

Камбуди иқтидорҳои коркард, сардхонаҳо (анборҳо) ва назорати муосир дар озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо) ба сифати маҳсулоти ширӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Қисми зиёди шир аз ҷониби аҳолӣ ва хоҷагиҳои фермерӣ бо даромаднокии паст истеҳсол мешавад. Онҳо бо корхонаҳои коркард ҳамкории хуб надошта, ин имкониятҳои онҳоро барои афзоиши ҳаҷм ва беҳбуди сифат кам мекунад.

Ба ақидаи мутахассисони соҳа, мавсимӣ будани истеҳсол (баҳору тобистон зиёду зимистон камтар), логистикаи нокофӣ ва болоравии нархҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти ширӣ, ба афзоиши нархҳо ва вобастагӣ аз воридот мусоидат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...