Сокинони Тоҷикистон бештар барои чӣ қарз мегиранд? (ИСЛОҲШУДА)

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Чанд соли охир аҳолӣ аз бонкҳо зиёд қарз мегиранд. Бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии хурд дар навбатии худ барои мизоҷон қарзҳои гуногун, аз истеъмолӣ то тиҷоратӣ пешниҳод мекунанд. Ин ба чӣ вобаста аст ва сокинон бештар барои кадом ниёзҳо қарз мегиранд? Кӯшиш кардем, муайян кунем.

Ҷаъфар (номи қаҳрамон иваз шудааст), сокини шаҳри Панҷакент мунтазам барои гирифтани қарз ба яке аз бонкҳои кишвар муроҷиат мекунад. Ӯ, асосан, қарзҳои истеъмолӣ ба маблағи кам мегирад. Бори охир Ҷаъфар барои баргузории маъракаи арӯсии духтараш аз бонк қарз гирифта буд.

“Худатон мефаҳмед, тӯй хароҷоти зиёд дорад, бо даромади оилаи мо бошад, пардохти ҳамаи он мушкил аст. Аз ҳамсояҳо шунидам, ки бонкҳо барои туй низ қарз медодаанд ва аз ин имконият истифода бурдам. Ростӣ, маблағи зиёд нагирифтем, то баъдан баргардониданаш осонтар шавад”, – мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Ҷаъфар, миёни аҳолӣ ин таҷрибаи маъмул аст, аксари оилаҳо барои гузаронидани маъракаҳо қарз мегиранд, чун даромади худашон барои маъракаҳо на ҳамеша мерасад.

 

Меҳрона (номи қаҳрамон иваз шудааст), сокини шаҳри Душанбе аст. Ӯ, асосан барои харидани техникаи маишӣ ва бисоти хона аз бонкҳо қарзи қисмпардохт (рассрочка) мегирад. Меҳрона аз корти “Салом”-и “Алиф Бонк” истифода мебарад, ки ба гуфтаи ӯ, барои аксари, ки “аз маош то маош” зиндагӣ мекунанд, хеле қулай аст. 

“Масалан, вақте маошатон 4000 сомонӣ аст, бароятон ба ин арзиш харидани мизу курсӣ осон нест. Аз ин рӯ, мо аксаран аз бонк қарз мегирем. Ин воқеан қулай аст. Муҳим, вақти харид ҳам дар бонк иқдом гузашта истода бошад ва ҳам дар мағоза тахфиф. Дар акси ҳол, харид гарон меафтад”, – мегӯяд ӯ.

Барои фаҳмидани он ки сокинон бештар барои кадом ниёзҳо қарз мегиранд, “Азия-Плюс” ба чанд бонки бузурги кишвар муроҷиат кард.

Тибқи маълумоти “Душанбе-Сити Бонк”, муштариён бештар барои таъмири хона ё хариди мошин ва баргузории маъракаҳои арӯсӣ қарз мегирифтаанд.

Ба бонки "Ҳумо” низ аксарияти муштариён барои қарзҳои истеъмолӣ – хариду таъмири манзил, пардохти таҳсил, хариди мошин ё техникаи маишӣ, тӯй ва табобат муроҷиат мекунанд.

Бештари муштариёни “Алиф Бонк” бошад, қарзи қисмпардохтро барои хариди гӯшии ҳушманд ва техникаи маишӣ интихоб мекунанд.

Ба иттилои бонк, аксаран тариқи корти “Салом”-и ин бонк либос ва ҳатто хӯрокро ҳам бо қарз харидорӣ мекунанд. 

Қарз барои харидории автомобил ва тиҷорат низ дар “Алиф Бонк” талаботи зиёд дорад.

 

Дар кадом минтақаи Тоҷикистон бештар қарз мегиранд?

Бар асоси омори Бонки миллии Тоҷикистон, соли гузашта ташкилотҳои молиявӣ беш аз 24,5 млрд сомонӣ қарз додаанд. Ин нисбат ба соли 2023 тақрибан 5,5 млрд сомонӣ бештар аст.

Ҳиссаи бештари қарзҳои додашуда вобаста ба бахшҳо чунин аст:

– соҳаҳои истеъмолот 47,1 фоиз,

– савдои хориҷӣ 14,6 фоиз,

– саноат 12,4 фоиз,

– кишоварзӣ 12,7 фоиз,

– хидматрасонӣ 6,9 фоиз,

– сохтмон 4,0 фоиз,

– дигар соҳаҳо 2,3 фоиз.

Қарзҳои додашуда аз рӯйи минтақаҳо ҷумҳурӣ ба таври зерин тақсим шудаанд:

– вилояти Суғд – 7,5 млрд. сомонӣ,

– вилояти Хатлон – 5,2 млрд. сомонӣ,

– ВМКБ – 0,3 млрд. сомонӣ,

– шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ – 11,5 млрд. сомонӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...