ВКД мегӯяд, касе, ки дар парвандаи фош кардани сирри давлатӣ дар Фаронса гумонбари асосӣ аст, “шаҳрванди Тоҷикистон нест”

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Фаронса 5 танро барои фош кардани сирри давлатӣ гумонбар эълон карданд. Расонаҳо Девид Ботсоев, гумонбари асосии ин парвандаро зодаи Тоҷикистон меноманд, вале Вазорати корҳои дохилии кишвари мо мегӯяд, ӯ “шаҳрванди Тоҷикистон нест”.

Хабаргузории фаронсавии “La Depeche” рӯзи 3-юми июн навишт, ки Додситонии Порис рӯзи 24-уми май 4 мард ва 1 занро барои фош кардани сири давлатӣ дар соҳаи мудофиа гумонбар эълон кардааст. Се нафари онҳо низомиёни собиқ буда, як тани дигар дар қасри президентии Елисей кор кардааст.

Ҳамаи онҳо дар нашр ва фош кардани сирри давлатӣ дар соҳаи мудофеа, дуздӣ, инчунин фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳӣ дар заминаи истеҳсоли маводи ҳарбӣ, силоҳ ва муҳимоти низомӣ гумонбар дониста мешаванд.

Онҳо дар ширкате кор мекарданд, ки бо истифода аз иттилооти махфии артиш машғули ҷосусии тиҷоратӣ будаанд.

Парванда бо ширкати “Archange Solutions Osint” марбут аст, ки онро Девид Ботсоев дар сентябри соли 2024 таъсис додааст. Ба гуфтаи яке аз манобеъи наздик ба парванда, ӯ гумонбари аслии ин парванда аст.

Тибқи маълумоти “Intelligence Online”, Девид Ботсоев муддате дар Қасри Элисей кор кардааст.

Дар ҳоле расонаҳои фаронсавӣ Девид Ботсаевро зода Тоҷикистон меноманд, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъди нашри ин хабар дар Радиои Озодӣ дар як раддия гуфт, ки ӯ “шаҳрванди Тоҷикистон набуда, танҳо шаҳрванди давлати Фаронса мебошад”.

Ба маълумоти расонаҳо, ҳеҷ як гумонбар ба ҳабс гирифта нашудааст ва феълан таҳти назорати додгоҳӣ қарор дорад.

Бояд гуфт, ки солҳои гузашта ҳам исми чанд шаҳрванди Тоҷикистон ва ё шиносномаи тоҷикии онҳо дар пайванд бо ҳаводиси гушношунид, аз ҷумла ҷосусӣ дар кишварҳои ғарбӣ расонаӣ шада буд.

Пурсарусадотарин қазияи вобаста ба истифодаи шиносномаи тоҷикӣ ворид шудани як ҷосуси Русия бо шиноснома ва номи тоҷикӣ ба анбори аслиҳа дар Ҷумҳурии Чехия буд. Он замон мақомти Тоҷикистон аз шарҳи он ки чӣ гуна шиноснома ба дасти ҷосус афтод, худдорӣ карда буданд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...