Дар Русия мехоҳанд, ки маълумот дар бораи кӯдакони муҳоҷирон ба ВКД пешниҳод шавад

Asia-Plus

Думаи давлатии Русия имрӯз, 10 июн лоиҳаи қонунеро, ки тибқи он мақомоти маориф ба пешниҳоди маълумот дар бораи кӯдакони муҳоҷирон ба ВКД уҳдадор мешаванд, баррасӣ мекунад. Дар посух ВКД дар бораи бақайдгузорӣ ва дар қайди муҳоҷират гузоштани онҳо маълумот пешниҳод мекунад.

Ба воҳидҳои минтақавии ВКД ирсол намудани маълумоти шахсии кӯдак ва волидони ӯ, натиҷаҳои тест аз забони русӣ, маълумот доир ба қабул ё хориҷ шудан аз мактаб, инчунин маълумот дар бораи бақайдгирии шаҳрвандони хориҷии ба рӯйхати шахсони таҳти назорат шомлгардида дар назар аст.

Тавре ки хабаргузории РБК менависад, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин изҳор доштааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар навбати худ ба мақомоти соҳаи маориф маълумот дар бораи бақайдгирӣ ё дар қайди муҳоҷират қарор доштани кӯдакони муҳоҷиронро ирсол мекунанд.

“Ин ба табодули фаврии ҳузури қонунӣ доштани кӯдак ва волидони ӯ дар Русия имкон дода, аз ҷумла ба қабули қарори минбаъда таъсир мерасонад. Он ҳамчунин ба ошкор сохтани кӯдакони муҳоҷироне, ки ба мактаб қабул нашудаанд, низ имкон дода, ба пешгирии ҷалби онҳо ба фаъолияти ғайриқонунӣ кумак мекунад ва онҳоро аз рафторҳои ношояму беҷо ҳифз мекунад”, – гуфтааст Володин.

Ғайр аз ин, дар лоиҳаи қонун ҳатман ворид намудан ба низоми федералии маълумот дар бораи натиҷаҳои тестгирӣ аз забони русӣ барои ҳамаи муҳоҷирон пешбинӣ шудааст.

Охири моҳи апрел хабаргузории РБК бо истинод ба нусхаи лоиҳаи қонун иттилоъ дод, ки комиссияи ҳукумат аз ин ташаббус ҷонибдорӣ намуд. Тағйирот ба якчанд қонуни федералӣ дахл мекунад.

Муовини сарвазир Татяна Голикова дар мусоҳиба ба “Эксперт” таъкид доштааст, ки ин навовариҳо на танҳо ба таъмини ҳуқуқи кӯдакон ба таълим, балки назорати риояи қонунгузории муҳоҷират, инчунин таъмини амнияти давлат мусоидат мекунанд.

Аз 1 апрел мактабҳо дигар кӯдакони муҳоҷиронеро, ки забони русиро намедонанд, қабул намекунанд. Барои тасдиқи сатҳи кофӣ  ҷиҳати азхудкунии барномаи мактаб, онҳо бояд тест супоранд. Кӯдаке, ки имтиҳонро супорида наметавонад, уҳдадор аст, ки аз таълими иловагӣ гузарад.

Кӯшиши такрорӣ супурдани имтиҳон танҳо пас аз се моҳ имконпазир аст. Ба ақидаи Вячеслав Володин, меъёрҳои нав аллакай самаранокии худро нишон додаанд: аз ҳамаи шахсони аризадода ба макатабҳо ҳамагӣ 4%-ашон қабул шуданд.

Тест аз забони русӣ аз қисмҳои шифоҳӣ ва хаттӣ (барои синфҳои якум – танҳо имтиҳони шифоҳӣ) иборат буда, барои ҳар зинаи таҳсил ҷудогона таҳия шудааст. Барои ба мактаб қабул шудани кӯдакони муҳоҷирон, дуруст ҷавоб додан ба 90%-и саволҳо дар тест зарур аст.

Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Волоин дар Telegram-канали худ саҳеҳтар зикр кардааст, ки барои кӯдаконе, ки мехоҳанд ба синфи 1-ум қабул шаванд, иҷрои дурусти 9 вазифа аз 10-то, барои синфҳои 2-5-ум – 18 вазифа аз 20-то, барои синфҳои 6-9-ум – 20 вазифа аз 22-то ва синфҳои 10-11-ум 22 вазифа аз 24-то лозим аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...