Мулоқот бо Эммануэл Макрон ва суханронӣ дар Конфронси СММ оид ба уқёнус. Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Фаронса

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи дуюми сафари кориаш дар шаҳри Нитсаи Фаронса бо Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот ва дар Конфронси СММ оид ба уқёнус ширкат ва суханронӣ кард.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ бо президенти Фаронса ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, ҷалби сармоя ва технология, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кардаанд.

“Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангиву башарӣ, илму маориф ва сайёҳӣ зарур шумурда шуд”, – навиштааст дафтари матбуот.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳамкорӣ дар масоили тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои таъсири он ба муҳити зист, аз ҷумла дар чаҳорчӯби “Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ”, солҳои 2025-2034 аз мавзуъдои муҳими суҳбат будааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз Эммануэл Макрон даъват кардааст, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд.

Ҳамчунин, раиси ҷумҳури кишвар зимни суханрониаш дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус гуфтааст, ҳифзи уқёнус ва захираҳои обӣ вазифаи тамоми кишварҳои ҷаҳон буда, танҳо тавассути андешидани тадбирҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ амалӣ мегардад.

“Дар ин замина пешниҳод менамоям, ки барои ҳифзи экосистемаҳои соҳилӣ ва баҳрӣ ва минтақаҳои ташаккули манбаъҳои оби тоза теъдоди фондҳои глобалӣ афзун карда шаванд”,-гуфтааст раиси ҷумҳури кишвар.

Ӯ дар идома аз ташаббуси глобалии Тоҷикистон дар доираи “Раванди оби Душанбе”, ёдовар шуда гуфтааст, ки давоми ду даҳсола кишварҳои узви СММ ва ниҳодҳои он ва дигар ҷонибҳо барои муҳокимаи мушкилоти иқлим ба ҳам овард.

“Дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.Тайи чанд даҳсолаи охир, аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз 1300 адади онҳо пурра об шуда, нобуд гардидааст”,-иброз доштааст Эмомалӣ Раҳмон.  

Раиси ҷумҳур аз дастгирии ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” таъкид карда  мизбони ин ҳамоиши байналмилалӣ будани Тоҷикистон дар рӯзҳои 29-31 май ёдрас шудааст.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми июн барои иштирок дар ин конфронс ба Фаронса сафар кард ва дар чорабинии Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (2025-2034) ширкат ва суханронӣ карда, як қатор пешниҳодҳоро низ баён кард.

Аз ҷумла, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, бо мақсади омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим дар Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавии яхшиносӣ таъсис дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси сеюми СММ оид ба уқёнус бо ширкати 15 ҳазор иштирокдор аз 120 давлати ҷаҳон ва зиёда аз 70 созмони байналмилалию минтақавӣ, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 50 кишвар баргузор гардид. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...