Тақдири талхи модаре, ки се писару шавҳарашро дар ҷанг аз даст дод. Нахустнамоиши “Ман дар ёд дорам…” дар Душанбе

Date:

Тақдири талхи як модар, ки дар пайи Ҷанги Бузурги Ватанӣ шавҳар ва се писарашро аз даст дод. Ин намоишнома бори аввал ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар театри Душанбе ба саҳна гузошта шуд. Нақшофарони намоиши “Ман дар ёд дорам…” ҳунармандони тоҷик, таҳиягари он коргардони қазоқ ва муаллифи асар нависандаи қирғиз буд.

Шоми дирӯз, 9-уми июн, даҳҳо ҳаводори ҳунар барои тамошои намоиши “Ман дар ёд дорам” аз рӯйи асари Чингиз Айтматов, дар таҳияи Бекпулат Парманов, ба Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов омаданд.

Намоиш аз нақли Тулғаной – қаҳрамони марказии асар, модари як оила оғоз ёфт. Ӯ саргузашташро бо ҷумлаи “Ман дар ёд дорам…” сар карда, аз рӯзҳои хурсандӣ ва оилаи сарҷамъаш ҳикоят мекард.

Суванқул ва Тулғаной дар майдони кишт бо ҳамдигар ошно мешаванд ва оила бунёд мекунанд. Онҳо соҳиби се писар мешаванд – писари калонӣ Қосим, ки касби падарро пеша мекунад ва комбайнрон мешавад. Писари дигараш Масалбек ба мутолиа шавқи зиёд дорад ва орзу дорад, ки муаллим шавад. Писари охирин Ҷайнак нозпарвари оила аст.

Ин оила аслан ба деҳқонӣ машғуланд ва хурду калон дар саҳро кор мекунанд. Ғаллакорӣ шуғли аслии онҳо аст ва даравидани он мисли ҷашнро мемонад. Дар вақти кишту кор ва дарав ҳама суруд мехонанд ва табъи хушу болида доранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Қосим бо духтаре бо номи Алимон оиладор мешавад ва дар деҳа канори оила мемонад, Масалбек ба шаҳр барои бароварда кардани орзуҳояш ба таҳсил меравад. Ҷайнак бошад, дастёри хурди хона мемонад.

Аммо Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар мешавад ва пеш аз ҳама Қосим барои ҳифзи ватан роҳсипор мешавад. Муддате баъд Масалбеки донишҷӯ бо ҳамдарсонаш ба ҷанг мепайвандад. Пасон Суванқул – падари хонадон аз пайи фарзандонаш роҳии мубориза мешавад. Ҷайнак ҳам дар охир ариза дода, ба ҷанг меравад.

Дар деҳа, ба ҷуз маъюбон ва пиронсолон, дигар марде намемонад ва Тулғанойро мудири колхоз таъйин мекунанд. Ин модар бо умеди он ки шавҳар ва фарзандонаш дар ҷанг гурусна намонанд, тамоми қувваташро сарф карда, бо занҳо ғалла кошта, маҳсули дасташро ба фронт равон мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аммо дере нагузашта ғалладонаи колхоз пурра тамом мешавад, Тулғаной хона ба хона гашта, охирин донҳои гандуми мардуми гуруснаро гирифта, ба замини кишт меорад, то корад ва ноне ба ба ҷанговарон равон кунад. Вале охирин донҳои гандумро аз сари киштзор дуздон мерабоянд. Замин ҳаст, вале доне нест, ки рӯйи он пошанд, то ҳосиле ба даст оранд, тамоми деҳ гуруснагӣ мекашанд, кӯдакон ба бемориҳои гуногун мубтало шуда, ҷон мебозанд.

Лаҳзаи эҳсосбарангези намоиш он аст, ки як-як хабари даргузашти се писар ва шавҳараш ба Тулғаной мерасад. Ҳар бор “хатти сиёҳ” аз як ҷонбохта мерасад, Тулғаной ҳам мешиканад, “ҷон” мебозад, вале ба умеди рӯзҳои нек сари по меистад.

Дар ин миён арӯси хонадон Алимон (ҳамсари Қосим)-ро таҷовуз мекунанд, ӯ обистан мешавад ва ҳини таваллуд ҷон мебозад. Дар ҳоле ки Тулғаной ҳама чиз ва ҳама касашро аз даст медиҳад ва дигар баҳонае барои зистан намеёбад, хабари ғалаба мерасад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Барои он ки дар оила касе намонд, то насли хонаводагиро идома диҳад, Тулғаной писари ҳаромӣ таваллудшуда – Ҷонболатро набера мехонад, то баҳонае барои идомаи ҳаёт пайдо кунад.

Агарчӣ ҳодиса дар яке аз деҳоти Қирғизистон мегузарад ва қаҳрамонҳо қирғизҳо ҳастанд, вале намоиш бо рӯҳияи умумииттифоқӣ таҳия шудааст. Дар намоиш сурудҳои миллии тоҷикӣ, ба мисли “Сабзак лаби ҷӯ”, “Аз омаданат агар хабар медоштам” ва “Ё Мавло, дилам танг омадаст” истифода шудааст.

Аз зумраи эродҳое, ки ҳунармандон ва ҳаводорони театр пас аз намоиш гирифтанд, дер ба саҳна гузоштани намоиш буд – он дар моварои 9-уми май  ба саҳна гузошта мешуд, беҳтар буд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 9-уми майи соли 2025 аз ҷашни ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 80 сол пурра шуд ва ба ин муносибат, дар Душанбе  ҳам ҷанвора ва гулчанбаргузорӣ баргузор гардид.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ёдовар мешавем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...