Сафари шаҳрвандони 36 давлат, аз ҷумла як кишвари Осиёи Марказӣ ба Амрико манъ мешавад

Asia-Plus

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) имкони манъи вуруди шаҳрвандони 36 кишвар, аз ҷумла Қирғизистонро ба хоки ин кишвар баррасӣ дорад. Дар ин бора "The Washington Post" бо истинод ба як санади хидматии Департаменти давлатии ИМА хабар медиҳад.

Ин ниҳод ба дипломатҳои амрикоӣ дар кишварҳои хориҷӣ аллакай, ҳуҷҷатеро ирсол кардааст, ки дар он барои аз ҷониби ин кишварҳо иҷро гардидани талаботи Вашингтон дар муддати 60 рӯз муҳлат дода шудааст.

“ИМА имкони маҳдуд кардани вуруди шаҳрвандони боз 36 кишварро баррасӣ доранд, ки манъи вурудро ба сафарҳо, ки аз ҷониби дастгоҳи Трамп аввали ҳамин моҳ эълон шуд, густардатар мекунад”, – менависад нашрия.

Дар рӯйхат 25 давлати африқоӣ, инчунин як кишвари Осиёи Марказӣ- Қирғизистон, Ҳавзаи Кариб ва минтақаи Уқёнуси Ором зикр шудаанд.

Гуфта мешавад, ташаббуси мазкур дар партави сиёсати шадид дар соҳаи муҳоҷирати Трамп сурат мегирад.

Дар ҳуҷҷат зикр мешавад, ин кишварҳо ба як қатор талабот ҷавобгӯ нестанд:

– мақомоти салоҳиятдоре нест, ки ба додани ҳуҷҷатҳои боэътимод қодир бошанд;

– ба ҳолатҳои қаллобӣ бо шиносномаҳо роҳ медиҳанд;

– шаҳрвандони ин кишварҳо бисёр вақт муҳлатҳои будубош дар ИМА-ро риоя намекунанд.

Бар асоси ҳуҷҷати аз ҷониби Марко Рубио, котиби давлатӣ имзошуда ва ба намояндагиҳои дипломатии амрикоӣ воридгардида, ҳукуматҳои кишварҳои зикршуда барои талаботи нави Департаменти давлатӣ 60 рӯз муҳлат доранд.

Гузинаи якуми нақшаи амалро онҳо бояд то соати 8:00-и рӯзи чоршанбеи 18-уми июн пешниҳод кунанд.

Ёдрас мекунем, ки Доналд Трамп аввали моҳи июн барои шаҳрвандони 12 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Чад, Конго, Гвинеяи Экваториалӣ, Эрон, Сомали, Гаити, Мянма, Эритрея, Либия, Судон ва Яман вуруд ба ИМА-ро пурра манъ кард.

Ҳамчунин Трамп дар бораи маҳдуд кардани вуруд ба ИМА барои шаҳрвандони 7 кишвар, аз ҷумла Венесуэла, Туркманистон, Куба, Бурунди, Лаос, Того ва Серра-Леон фармоиш ба имзо расонид.

Имкони мисли пешин ба ИМА ворид шудан барои бархе аз категорияҳои шаҳрвандон аз ин кишварҳо дар ҳолатҳои зерин боқӣ мемонад:

– Варзишгароне, ки барои иштирок дар чорабиниҳои бузурги варзишӣ меоянд;

– Дорандагони “раводидҳои муҳоҷират барои аққалиятҳои этникӣ ва динӣ, ки дар Эрон мавриди таъқиб қарор доранд”;

Шаҳрвандони Афғонистон, ки раводидҳои махсуси муҳоҷират доранд;

Ҳама гуна “сокинони доимии қонунӣ”-и ИМА;

– Шахсони дорои душаҳрвандӣ, ки шаҳрвандии кишварҳои дар рӯйхати мамнӯъ қарордоштаро надоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...