Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 июн соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ 17 ИЮН

– Имрӯз дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Чин” баргузор мегардад. Дар ин ҳамоиш раиси ҷумҳури Чин ва президентони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон ширкат мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дирӯз барои иштирок дар ин ҳамоиш ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард.

– Имрӯз соати 15:00 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили эҷодии Акбар Абдулло, шоир, барандаи ҷоизаи алабии ба номи Мирзо Турсунзода баргузор мегардад.

– Имрӯз соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дар рақобати финалии мусобиқаи “CAFA U-20” мунтахабҳои ҷавонони Эрон ва Қирғизистон бо ҳам бозӣ мекунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 17 ИЮН

Соли 1960 – Дар Помир маркази табобатии Гармчашма таъсис ёфт.

Соли 2013 – Дар шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент коргоҳи холисгардонии тилло дар назди корхонаи муштараки “Зарафшон” ифтитоҳ ёфт.

Соли 2014 – Сарвазири вақти Русия Дмитрий Медведев қарореро имзо кард, ки вуруду хуруҷи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ, хидматӣ ва дипломатӣ пешбинӣ мекард.

Соли 2014 – Байни ҳукумати Тоҷикистон ва Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ созишнома ба имзо расид.

Соли 2020 – Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон созишномаи 40 миллион доллари ИМА-ро бо Сандуқи ОПЕК барои бозсозии шоҳроҳи Обигарм-Нуробод ба тасвиб расонд. Парлумон ҳамчунин, гранти 134 миллион доллари Бонки Ҷаҳониро барои эҳёи ширкати “Барқи тоҷик” тасвиб кард

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1926 – Мавлуди Муҳаррам Расулова, биологи тоҷик, директори вақти Институти ботаникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Соли 1959 – Зодрӯзи Меҳринисо Ҳоҷибоева, ҳунарманди театр ва овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Меҳринисо Ҳоҷибоева

Меҳринисо Ҳоҷибоева аз соли 1980, баъди хатми риштаи актёри драма ва кинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон то имрӯз дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳунарнамоӣ мекунад.

Ӯ дар намоишномаҳои зиёде дар саҳнаи театр нақшҳои марказиро иҷро кардааст, аз ҷумла, “Аршин-мололон”, “Ҳасани аробакаш”, “Манам ягонаи ту”, “Моҷаро, саҳна, ишқ”, “Лаку пак”, “Ревизор” ва ғайра. Баъдтар барои нақшофарӣ дар филмҳо даъват шуда, дар синамо низ як қатор нақшҳо офаридааст, аз ҷумла дар филми “Асрори тақдир” ва филми “Хаёлӣ” нақши модарро иҷро кардааст.

Соли 2005 – Ҷонон Бобокалонова, адабиётшиноси тоҷик, профессор дар 75-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2009 – Маҳмадназар Солеҳов, собиқ вазири умури дохилӣ ва додситони кулли Тоҷикистон  дар 51-солагӣ  даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маҳмадназар Солеҳов

Муҳаммадназар Солеҳов фаъолияти худро ба ҳайси хаткашони Додгоҳи собиқ ноҳияи Октябр (Фирдавсӣ) – и шаҳри Душанбе ва баъдан иҷрокунандаи ҳукмҳои Додгоҳи собиқ ноҳияи марказии Душанбе оғоз карда, пас аз як муддат кор дар дастгоҳи Додситонии кулли Тоҷикистон, ноиби додситони собиқ вилояти Кӯлоб ва соли 1988 додситони ноҳияи Конибодом таъйин шудааст.

Пас аз шикасти Ҳукумати Муросои Миллии Тоҷикистон дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба мақоми Додситони кулли Тоҷикистон баргузида шуд ва то соли 1995 дар ин вазифа кор кард.

Баъдан як муддат ноиби вазири умури дохилии Тоҷикистон, сардори дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, раиси Додгоҳи қонуни асосӣ ва раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон буд.

Ӯ моҳи ноябри соли 2006 ба курсии вазири умури дохилии Тоҷикистон нишаста, 29 январи соли 2009 аз ин мақом барканор шуд.

Тибқи иттилои расмии мақоқмот, Муҳаммадназар Солеҳов 17-уми июни соли 2009 ҳангоми амалиёти боздошташ худкушӣ кард.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ аст, ки аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ соли 1994 таъсис дода шудааст. Ин сана дар робита ба солгарди қабули Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ интихоб шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳадаф аз баргузории ин рӯз баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи зарурати ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо биёбоншавӣ ва оқибатҳои хушксолӣ мебошад.

17-уми июни соли 1925 Протокол дар бораи манъи истифодаи газҳои нафасгиркунанда, заҳролудкунанда ё дигар газҳо ва усулҳои бактериологӣ дар ҷанг ба имзо расид. Онро намояндагони 37 давлат имзо карданд ва 8-уми феврали соли 1928 эътибор пайдо кард. Аслан ин шартномаи байналхалқиест, ки дар ҷанг истифода бурдани яроқи химиявӣ, биологӣ ва заҳролудро манъ мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

То соли 2005 беш аз 130 давлат аъзои созишнома буданд. Амрико гарчанде протоколро соли 1975 ба тасвиб расонида буд, дар асл ҳуқуқи яктарафаро барои аввалин шуда, дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ба кор бурдани силоҳи кимиёвӣ нигоҳ дошт ва дар солҳои 1960-ум дар ҷараёни ҷанг дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ моддаҳои заҳролудро васеъ истифода мекард.

17-уми июни соли 1967 дар Чин аввалин бомбаи ҳидрогенӣ озмуда шуд. Дар лоиҳаи ихтирои яроқи ядроӣ қариб 900 ташкилоти илмиву саноатӣ иштирок карданд.

Дар моҳи октябри соли 1964 аввалин бомбаи атомии Чин дар озмоишгоҳи Лоп Нор (қисмати шимолу шарқии ноҳияи Чарқлик, Вилояти Мухтори Синзян-Уйғур) ва 17 июни соли 1967 бомбаи термоядроӣ (гидроген) бо иқтидори 3 Мт озмуда шуд. Дар маҷмӯъ, то соли 1996 дар ин озмоишгоҳ 45 озмоиш гузаронида шуд. Дар ҳоли ҳозир Чин дорои силоҳи ҳастаии заминӣ ва баҳрӣ дар миқёси ҷаҳон мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

17 июни соли 1970 олими оинасози амрикоӣ Эдвин Лэнд камераи полароидро патент кард. Эдвин Лэнд соли 1937 дар Кембриҷ (штати Массачусетс) корпоратсияи "Polaroid"-ро барои истеҳсоли таҷҳизоти оптикӣ таъсис дод. Дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон Лэнд асбобҳои биниши шабона, перископҳо, дурбинҳо ихтироъ кард.

Ҳанӯз соли 1947 ӯ камераеро муаррифӣ кард, ки дар он тамоми раванди эҷоди акс 60 сонияро дар бар мегирифт. Дар соли 1948 аввалин модели тиҷоратии “Polaroid Land-95” дар Бостон бо нархи қариб 90 доллар ба фурӯш баромад ва дар як рӯз фурӯхта шуд. 17 июни соли 1970 Эдвин Лэнд аввалин камераи кисавии пурра автоматикунонидашудаи "Polaroid SX 70" -ро патент кард. Дар натиҷаи фурӯши зиёди камера нархи саҳмияҳои Polaroid 90 маротиба боло рафт ва худи ширкат ба феҳристи 50 ширкати муваффақи Амрико шомил шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 17 ИЮНИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 22+27º гарм, рӯзона 37+42º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 29+34º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 27+32º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борон меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 18+20º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 34+36º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+7º гарм, рӯзона 12+17º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 25+27º гарм, рӯзона 38+40º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...